расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шаҳрдории пойтахт аз ҳисоби худ ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ тайёр мекунад

. / Ҷомеа

Шаҳрдории пойтахт аз ҳисоби худ ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ тайёр мекунад

Талаботи асосӣ барои роннадагони ояндаи автобусҳои"АКИА" қайд доштан дар пойтахт аст.


Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3»-и шаҳри Душанбе  курсҳои тайёр кардани ронандагони дараҷаи “Д”-ро ташкил мекунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, минбаъд пас аз хатми курсҳо онҳо ба сифати ронандаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, аз ҷумла автобусҳои “АКИА” бо кор таъмин карда мешаванд.
Курсҳо барои ронандагони имконпазир аз ҳиосби корхонаҳои дар боло зикршуда роҳандозӣ мешаванд.
Тавре қаблан хабар дода будем, айни замон корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таъҷилан ба 200 нафар ронандагони автобусу троллейбусҳо ниёз доранд.
Танҳо сокинони шаҳри Душанбе ба кор қабул шуда, музди меҳнаташон аз 1,5 ҳазор сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.