расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон 1000 воя ваксина аз COVID-19 оварданд

. / Ҷомеа

Барои низомиёни рус дар Тоҷикистон 1000 воя ваксина аз COVID-19 оварданд

Хизматчиёни ҳарбӣ ихтиёрӣ ваксина мегиранд.

Сурат: Дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия
Миқдори аввали ваксина аз коронавируси иборат аз 1,1 ҳазор воя (доза) ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон расонида шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии Русия рӯзи сешанбе.
“Дар навбати аввал кормандони тиббии госпитали 451-уми ҳарбӣ, низомиёне, ки дар навбатдории ҳолати омодабош қарор доранд, ҳайати фармондеҳӣ ва неруҳои навбатдори пойгоҳ ваксиназанӣ мешаванд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбӣ ихтиёрӣ ваксина мегиранд. Пеш аз ваксиназанӣ ҳамаро дар бораи сирояти коронавирус, таъсири ваксина ба ҷисми инсон ва зуҳуроти имконпазири дуюмдараҷаи он огоҳ кардаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ваксиназанӣ дар Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия то 25 феврал ба анҷом расида, ояндаи наздик ваксиназании наздики 100 ҳазор нафар дар ҳавза ба нақша гирифта шудааст.
Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар 3 ҳавзаи федералӣ ва 29 субъекти Русия ҷойгир аст. Ба ҳайати ҳавза ба тарзи сохторӣ як қатор иншоот дар хориҷа дохиланд: пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон, пойгоҳи ҳарбии муттаҳида дар Қирғизистон, инчунин воҳидҳо дар қаламрави Қазоқистон. Ситоди ҳавза дар шаҳри Екатеринбург воқеъ аст.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии ин кишвар дар берун аз ҳудуди он аст. Дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Ба ҳайати он воҳидҳои гуногуни низомӣ шомиланд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.