расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти марди 28-сола ва ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошти марди 28-сола ва ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми сентябри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони таъмири телефонҳо, воқеъ дар бозорчаи «Зарафшон»-и пойтахт шуда, аз он ҷо 8-адад телефонҳои гуногун ва дигар таҷҳизоти ба телефонҳо тааллуқдоштаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 237 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми декабри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми дар МС «Садбарг»-и пойтахт қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг С-10»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.