расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ДУЗДӢ АЗ 7 ТЕРМИНАЛИ ПУЛГУЗАРОНӢ ДАР ХУҶАНД

. / Ҳаводис

ДУЗДӢ АЗ 7 ТЕРМИНАЛИ ПУЛГУЗАРОНӢ ДАР ХУҶАНД

Кормандони милиса дар шаҳри  Хуҷанд нафарони гумонбар ба дуздӣ аз 7 терминали пулгузарониро боздошт кардаанд. РВКД вилояти Суғд гуфт, бародарон Сайҳун ва Абдумаҷид Абдуманоновҳо, с.т. 1993 ва 1999, ва шарики онҳо Сӯҳроб Ҷӯраев, с.т. 2000, давоми моҳи декабр ба воситаи асбоби мехкашӣ сарпӯши 7 терминал дар маҳаллаҳои 13,18, 20 ва 28-уми Хуҷандро кушода, аз  ин терминалҳо аз 2760 то 12 ҳазор сомонӣ пулро ба яғмо бурдаанд. Ба зидди ин се нафар бар асоси моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд чеҳраи ҷинояткоронеро бе парда сохт, ки терминалҳои пулгузарониро ҳадаф қарор дода буданд. Бародарон Абдуманоновҳо: Сайҳун соли таваллудаш 1993, Абдумаҷид соли таваллудаш 1999 ва ҳаммаслаки онҳо Ҷӯраев Суҳроб Саидҷонович, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандагони шаҳри Хуҷанд, давоми моҳи декабри соли 2020 то рӯзи дастгир шудан аз ҷониби кормандони милитсия, шаби 1 ба 2-юми январи соли ҷорӣ бо роҳи кушодани сарпӯш аз 7 терминали пулгузаронии дар ҳудуди маҳаллаҳои 13, 18, 20 ва 28-уми шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда, маблағи пулӣ тасарруф кардаанд.

Дуздиҳо асосан шабона содир шуда, гумонбаршудаҳо дар ҳайати гурӯҳ бо маслиҳати пешакӣ, бо истифодаи асбоби металии мехкашӣ сарпуши терминалро кушода, дастгоҳи пулқабулкунӣ ба истилоҳ “КЕШ-код”-ро тасарруф баъди ба даст овардани маблағи чамъшуда ҳамчун ашёи нолозим “КЕШ-код”-ро мепартофтанд. Аз кирдори ба ҷомеа хавфнок дар баробари пули нақд ба ташкилотҳои соҳибмулк аз ҷумла ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶДММ ТАҚҲ “Душанбе ситӣ”, ҶДММ “Экспрес пей” зарари молумулкии техникӣ расонида шудааст.
Бо ҳисоби зарари техникӣ ва пули тасарруфшуда аз чапдастии иттифоқи сегона камтарин зарар 2 760 сомонӣ ва аз ҳама бештар зиёда аз 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Масалан, санаи 14-уми декабр аз терминали назди мағозаи “Доро”, воқеъ дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд гумонбаршудаҳо 7 518 сомонӣ тасарруф карда, дастгоҳҳои ҳисоб ва қабули пул маҷмуан 4 953 сомонӣ арзиш доштаи терминалро шикаста корношоям кардаанд. Ё ин ки, бо ҳамин шева дар назди мағозаи “Сафия”, воқеъ дар маҳаллаи 28-ум зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ тасарруф ва 4 900 сомонӣ зарари техникии молу мулкӣ расонидаанд.
Ҳайф аст вақте ҷавонон бо содир намудани ҷиноят худро бадном карда қобилияту тавоноиашонро на дар амалу рафтори шоиста, балки дар кирдори барои ҷомеа хавфнок нишон медиҳанд.
Нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.