расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Баъди рад кардани Пенс, Маҷлиси намояндагон аз паи импичменти Трамп мешавад

. / Ҷаҳон

Баъди рад кардани Пенс, Маҷлиси намояндагон аз паи импичменти Трамп мешавад


Маҷлиси намояндагон рӯзи 13-уми январ ҷараёни импичмент ё эълони нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трампро шурӯъ мекунад. Трампро барои нақшаш дар таҳрики издиҳоми мардум ба ҳамла ба бинои Конгресс муттаҳам мекунанд. Ин қазия боиси эҷоди бӯҳрони сиёсӣ дар ҳизби Ҷумҳурихоҳ шудааст. Муовини президент Майк Пенс рӯзи 12-уми январ гуфт, ки банди 25-уми Конститутсияи Амрикоро, ки барканории президентро дар назар мегирад, иҷро нахоҳад кард. Ин изҳорот каме пештар аз он садо дод, ки маҷлиси намояндагони зери назари демократҳо аз ҳукумат тақозо кард, ки ҳуқуқи конститутсионии худро истифода карда Трампро барои ҳодисаҳо дар Капитол аз мақомаш барканор кунад. Агар Пенс Трампро барканор накунад, ба қавли раиси маҷлис Ненси Пелосӣ, ӯ рӯзи 13-уми январ ҷараёни импичментро ба роҳ мемонад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.