расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чаро дар беморхонаҳои Тоҷикистон дигар беморони коронавирус боқӣ намонданд?

. / Ҷомеа

Чаро дар беморхонаҳои Тоҷикистон дигар беморони коронавирус боқӣ намонданд?

Ба гуфтаи табибон, дарвоқеъ ҳам онҳо хеле каманд, лекин ҷараёни мусбат ба ҳеҷ гунае ба кори Вазорати тандурустӣ вобаста нест.

Акси марбута
Сурат: ru.msf.org
Аввали моҳи январ вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки охирин гирифторони бемори COVID-19, ки дар беморхонаҳо табобат мегирифтанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Дар мавриди ин масъала ба табибоне муроҷиат кардем, ки бевосита бо муолиҷаи беморони аз коронавуирс сироятёфта машғуланд.

Ҷараёни мусбат ба ҳеҷ гунае ба кори вазорат вобаста нест

“Шумори беморони коронавирус бешубҳа ва муроҷиатҳои аввалия ҳам дар ин маврид кам шуд, - гуфт як табиб аз Хатлон. - Айни замон муроҷиатҳои марбут ба мушкилиҳо баъди аз сар гузаронидани беморӣ бисёранд”.
Ба гуфтаи табиб, чунин ҷараёни мусбат “ба ҳеҷ гунае ба кори Вазорати тандурустӣ, ташкили фаъолият ва дар ниҳояти кор вазири тандурустӣ вобаста нест”.
Шахсони такроран беморшуда дар хонаашон муолиҷа гирифта, шумори онҳо нисбат ба як моҳи пешин бамаротиб камтар аст.

“Офарин ба зинаи аввалияи кормандони тиббӣ, ки ба онҳо дар хонаашон хизмат мерасонанд. Ин ҷо ҷадвали дурусти муолиҷа ва дастрас будани маводу дорувории тиббиро қайд кардан лозим аст”, - гуфт ҳамсуҳбат ва илова намуд, ки аҳолӣ бештар бошуурона ба беморӣ муносибат карда, “базудӣ фаҳмид, ки танҳо бу худ умед бастан лозим аст”.
Ба гуфтаи табиб, ба Covid-19 нуқта гузоштан ҳоло барвақт буда, аз штамми бритониёии он эҳтиёт мебояд шуд, зеро он аллакай дар Русия ва Туркия ошкор шуда, мо бо онҳо алоқаи ҳавойӣ дорем ва аз ин рӯ, назорат ва тадбирҳои карантинро барои аз ин кишвар омадагон пурзӯр кардан зарур аст.

Сабаби камшумории беморӣ муолиҷаи дуруст дар хона?

Духтури беморхонаи пойтахт дар 1-ум Советский низ камшавии шумори сироятёфтагонро тасдиқ кард.
“Ҳозир бархе фикр мекунанд, ки гуфтаҳои вазир асос надорад, лекин ҳафтаҳои ахир беморони гирифтори коронавирус ба беморхонаи мо муроҷиат накардаанд ва мо низ чунин беморонро ба қайд нагирифтаем, - гуфт табиб. - Ин имкон дод, ки беморхона ба реҷаи кори муқаррарӣ баргардад. Шояд баъди ба фаъолият оғоз намудани беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон беморон ҳамон ҷо рафтанд. Инашро намедонам”.
Ба қавли ӯ, беморони аломатҳояшон сабук дар хона зери назорати табиби оилавӣ муолиҷа гирифта, дар сурати риояи ҳамаи қоидаҳои зарурии санитарӣ, шарт нест, ки дар беморхона табобат гиранд ва шояд муолиҷа дар хона сабаби камшумории беморон бошад.
“Бовар кунед, мо табибон барои муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ андешида, ба ҳар кадоме аз онҳо кумак кардем. Шахсан ман боре ҳам бистарӣ кардани эҳтиёҷмандонро рад накардаам, зеро онҳо дигаронро сироят карда метавонистанд. Дар бораи дигар беморхонаҳо маълумот надорам”, - гуфт ӯ.

“Ё организми сокинони кишвар одат мекунад, ё вирус заъиф мешавад”

Боз як табиби пойтахт камшавии шумори сироятёфтагонро қайд карда, изҳор дошт, ки ба реҷаи кори муқаррарӣ баргаштани якчанд беморхонаҳо ҳам дар пойтахту ҳам дар минтақаҳо гувоҳи ин гуфтаҳост.
Ӯ мегӯяд, ба камшавии сироятёбӣ пеш аз ҳама, реҷаи худгӯшагирӣ (изолятсия): сарҳадҳои баста, қатъи алоқаи ҳавоӣ, маҳдудиятҳо дар дохили кишвар мусоидат намуд.
“Метавон гуфт, ки вирус заъиф шудааст. Инро ман бо назардошти шумори беморон ва тағйирёбии аломатҳои беморӣ мегӯям. Шумори беморони вазнин дар саросари кишвар торафт кам мешавад. Ё организми сокинони кишвар одат мекунад, ё вирус заъиф мешавад”, - қайд кард номбурда.  - Лекин ошкор шудани штамми нави он дар Британияи Кабир ташкишовар аст. Умедворем, ки он то ба кишвари мо намерасад”.

“Бисёриҳо аллакай бемориро паси сар карданд”

Табиби беморхонаи вилоятии Суғд Манучеҳр Пӯлодов низ хабар дод, ки дар ин вилоят низ ҷараёни мусбат ба мушоҳида мерасад.
“Кори мураттаби Вазорати тандурустӣ ва хадамоти санитарӣ-эпидемиологиро низ қайд кардан зарур аст. Зеро беҳуда нест, ки худи вазир ҳамарӯза бо ҳамаи вилояту минтақаҳо машварат мегузаронад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.