расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сокини Кӯлоб аз падари маъшуқааш пул талаб карда, ба даст афтод

. / Ҳаводис

Сокини Кӯлоб аз падари маъшуқааш пул талаб карда, ба даст афтод

Бо роҳи таҳдиди бадномкунӣ беш аз 13 ҳазор сомонӣ гирифта, лекин ин ҳам камӣ кардааст.

Акси марбута
Сурат: news.tajweek.tj
Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ марди 27-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард сар аз моҳи августи соли гузашта муддати 6 моҳ ба падари ҷавонзани 24-сола мегӯяд, ки бо духтараш муносибати ошиқона дорад ва агар ба ӯ пул надиҳад, онҳоро бадному шарманда мекунад.
“Нахуст ӯ 13,5 ҳазор сомонӣ гирифта, лекин 4 январ бори навбатӣ ба падари ҷваонзан занг мезанад ва аз ӯ боз 18 ҳазори дигар пул талаб мекунад, - омадааст дар хабари ВКД. - Боз таҳдид мекунад, ки дар сурати пардохт нашудани пул, маводҳои бадномкунанда нисбати духтари ӯро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба нашр мерасонад”.
Гуфта мешавад, тамаъҷӯй ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонӣ пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.
Нисбат ба ин мард мутобиқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.