расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Мақомоти ноҳияи Спитамен барои огаҳии сокинон аз вируси корона ба бозорҳо рафтанд

. / Ҷомеа

Мақомоти ноҳияи Спитамен барои огаҳии сокинон аз вируси корона ба бозорҳо рафтанд

Мақомоти ноҳияи Спитамен ба хотири кам нашудани хатари коронавирус аз сокинон хоҳиш карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд
 Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар бозорҳои “Шукрона”, “Шукрона-1” ва бозори марказии ноҳия ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенӣ ва чораҳои зиддиэпидемиявӣ бо мақсади пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемории сироятии коронавирус (Covid - 19) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, масъулин зимни сӯҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки хатари коронавирус то ҳол кам нашуда, риояи қоидаҳои пешгирӣ ҳатмӣ мебошад.
“Аз сокинон даъват карда шуд, ки масъулияти шаҳрвандиро иҷро намуда, бе ниқоб гаштугузор нанамоянд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Куруш, кӯчаи Истиқлол, Рӯдакӣ ва кӯчаи Ваҳдат низ гузаронида шуд.
Мақомоти ноҳияи Спитамен қайд кардааст, ки дар ноҳия ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.