расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Афзоиши теъдоди гирифторони COVID - 19 дар Қирғизистон: наздики 44 ҳазор

. / Ҷомеа

Афзоиши теъдоди гирифторони COVID - 19 дар Қирғизистон: наздики 44 ҳазор

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро нашр кард
 Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 108 нафар гирифтори маризии коронавирус шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID - 19.
Ҳамин тавр, тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Қирғизистон то 30 августи соли равон дар кишвар 43 820 нафар мубталои бемории коронавирус шудааст.

Танҳо 20 дақиқа: дар Қирғизистон ба намози ҷумъа иҷозат доданд
Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар Қирғизистон 108 нафар гирифтори маризии коронавирус шуда, 225 нафар шифо ёфтаву ба хонаҳояш ҷавоб шудаанд.
Дар умум то имрӯз дар Қирғизистон 38 198 кас аз беморӣ шифо ёфтаанд.
Афзоиши дардмандони COVID - 19 дар Қирғизистон: аз 43 ҳазор гузашт
Манбаъ афзуда, ки дар 24 соати гузашта дар кишвар як бемор дар вилояти Ош аз COVID -19 ҷон бохта аз аввали ҳамагирии коронавирус то имрӯз 1 059 кас қурбони ин вабои аср шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.