Филми «Ҷон Уик-2» дар калонтарин экрани (ҶТ) 3D Кинотеатри Наврӯз

Дар ҳафтаи навин филми ҳунарии «Ҷон Уик-2» бо зерхати «Қаҳрамони ҷасур»

бо фурӯши 36 млн доллар тавонист ҷойи аввалро дар сатри тиҷоратии Шикати «Бокс офис» ишғол намояд. Филми мазкурро коргардон Чад Стахелски бо филмномаи Дерек Колстад таҳия намуда, корсозии онро Бэзил Иваник, Роберт Берначчи ва дигарон дар ихтиёр доштанд. Нақшҳои асосиро бошад, дар ин филм: Киану Ривз, Риккардо Скамарчио, Иэн Мак Шейн, Руби Роуз, Лоренс Фишбёрн ва дигарон иҷро намудаанд. Филм аз ҳаёти Ҷон Уик- марди ҷавону боғайрат, ҳақиқатпараст ва ниҳоят ҷасуру далер, ки оила ва пайвандонаш аз ҷониби ҷинояткорон кушта шудаанд, оғоз мешавад. Ҷон Уик яке аз машҳуртарин ҷосус ва моҳиртарин тирандози сайёраи Замин ба ҳисоб меравад. Ӯ мехоҳад кисмати ояндаи ҳаёташ ба оромие дар гӯшаи танҳоӣ гузарад ва дигар ба дастонаш яроқ нагирад. Аммо яке аз ҳамкори деринааш мехоҳад тамоми ҷосусони оламро сарварӣ намояд ва Ҷон Уикро низ ба ёрии худ даъват месозад. Қаҳрамони филм ба хотири қасами мардонагие, ки дар даврони ҳамкориаш хурда буд маҷбур мешавад то бори дигар ба майдони ҷосусон барояд. Дӯст ва ҳамкори пешинааш ӯро барои нест намудани як гурӯҳ ҷинояткорони хатарнок ба шаҳри Рими Италия равона месозад. Акнун Ҷон Уикро дар онҷо чӣ ҳодисаҳо интизоранд, баъди тамошои филм маълум хоҳед кард. Филми ҳунарии «Ҷон Уик-2» бо унвони «Қаҳрамони ҷасур» соли 2017 дар Амрико ва Италия аз ҷониби ширкати синамосозии «Самит интертаймент» ва «Лионсгет интертаймент» дар жанрҳои тахайюлӣ–ҷангӣ ва саргузаштӣ бо маблағи тақрибан 60 млн доллар наворбардорӣ шудаасту то имрӯз зиёда аз 100 млн доллар ба хазинаи худ суди соф овардааст. Ҳаҷми умумии филм 122 дақиқаро дар бар мегирад. Мухлисону алоқамандони бад-ин гуна филмҳоро асосан шарвандони синамопарасти Амрико, Италия, Британияи Кабир, Олмон ва кишварҳои муштаракулманофеъ ташкил медиҳанд. Филм дар аксар мамолики дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз 3D Кинотеатри Наврӯз дар ҳоли намоиш умум қарор дорад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон