расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ТАФСИЛОТИ ДУ КУШТОР: ПЕШНИҲОД КАРД, КИ ДАР ИВАЗИ 5 СОМОНӢ БО Ӯ АЛОҚАИ ҶИНСӢ КУНАД. ИШАНҚУЛОВА РОЗӢ ШУД…

Ҷомеа / Ҳаводис

ТАФСИЛОТИ ДУ КУШТОР: ПЕШНИҲОД КАРД, КИ ДАР ИВАЗИ 5 СОМОНӢ БО Ӯ АЛОҚАИ ҶИНСӢ КУНАД. ИШАНҚУЛОВА РОЗӢ ШУД…

Саидов Алӣ Маҳмадризоевич 4 июни соли 2020 дар манзили иҷоравиашонвоқеъ дар ноҳияи РӯдакӣҶамоати деҳоти Чимтеппадеҳаи Гулпарварбо ҳамсараш Исматова Р.Ғ., муноқиша намудабо корди хоҷагӣ бо мақсади ба қатл расонидан бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамсараш 13 маротиба зарбаҳои пайдарпайи марговар задаастки охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштадар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст... Бо ҳукми Суди Олӣ аз 15 декабри соли 2020 Саидов А.М. ба  24 соли зиндон маҳкум шуд.
Тахминан соати 23:30 дақиқа рафиқи деринаи Хайрулин бо номи “Дамирал бо худ як шиша арақи навъи “Тоҷикистон” оварда, ҳамроҳии онҳо менӯшанд ва Хайрулин В.В., ба болои кат хоб меравад.  “Дамирал” ба Ишанкулова М.Р. пешниҳод мекунад, ки бар ивази 5 сомонӣ бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.  Ишанкулова М.Р. розӣ мешавад ва Хайрулин В.В. ин ҳолатро дида, Ишанкулова М.Р.-ро зери лату кӯб қарор медиҳад ва боз рафта ба болои каташ хоб меравад.  Ишанкулова М.Р. бо корди хоҷагӣ 8 маротиба бо бераҳмии махсус ба қафаси Хайрулин зарба зада, охиронро ба қатл расонд. Сипас кордро тоза ва пинҳон карда, бо Дамирал аз ҷои ҳодиса ғайб зад…  Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе Ишанкулова М.Р. ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ       

  Одамкушӣ бо бераҳмии махсус

 Саидов Алӣ Маҳмадризоевич 4 июни соли 2020 дар манзили иҷоравиашон, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар, бо ҳамсараш Исматова Р.Ғ., муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ бо мақсади ба қатл расонидан бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ҳамсараш 13 маротиба зарбаҳои пайдарпайи марговар задааст, ки охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
 Прокуратураи ноҳияи Рудакӣ 4 июни соли 2020 нисбати Саидов А.М. бо моддаи 104 исми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба Суди Олӣ ирсол намуд.
 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз15 декабри соли 2020 Саидов А.М. бо моддаи 104 исми 2 банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои 24 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.

Майнӯшӣ ба фоҷиа оварда расонид

 Ишанкулова Мавлюда Рауповна соли 2008 бо Хайрулин Вагаршак Винсонович шиносоӣ пайдо намуда, ба оворагардӣ ва майнӯшӣ машғул шуда, муваққатан ҳамчун иҷоранишин дар манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Ҷ.М., воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Шукуҳӣ, гузаргоҳи 1, хонаи 70 а, ҳамчун ҳамзист зиндагӣ мекарданд. Санаи 22 апрели соли 2020, тахминан соати 22:00 Ишанкулова М.Р. бо ҳамроҳии ҳамзисташ Хайрулин В.В. дар манзили истиқоматии дар боло зикршуда машғули майнӯшӣ буданд, ки тахминан соати 23:30 дақиқа рафиқи деринаи Хайрулин бо номи “Дамирал”, ки шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номуайян мебошад, ба назди онҳо омада, бо худ як шиша арақи навъи “Тоҷикистон” оварда, ҳамроҳии онҳо менӯшанд ва Хайрулин В.В., ба болои кат хоб меравад.
 “Дамирал” ба Ишанкулова М.Р. пешниҳод мекунад, ки бар ивази 5 сомонӣ бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.
 Ишанкулова М.Р. розӣ мешавад ва Хайрулин В.В. ин ҳолатро дида, Ишанкулова М.Р.-ро таҳқиру дашномҳои қабеҳ дода, зери лату кӯб қарор медиҳад ва баъди муноқиша боз рафта ба болои каташ хоб меравад.
 Ишанкулова М.Р. бо маслиҳати пешакӣ бо “Дамирал” қасди куштори Хайрулин В.В. намуда, Ишанкулова М.Р. бо корди хоҷагӣ 8 маротиба бо бераҳмии махсус ба қафаси сина (узвҳои ҳаётан муҳими бадан)-и Хайрулин В.В., ки дар болои кат хоб буд, зарба зада, охиронро ба қатл мерасонад.
 Сипас, баъди ба қатл расонидани Хайрулин В.В. кордро тоза ва пинҳон карда, бо Дамирал аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда мешаванд.
 Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нисбати Ишанкулова М.Р. бо моддаи 104 қисми 2, бандҳои “в,е,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишот онро ба суди ш.Душанбе ирсол намудааст.
 Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 13 августи соли 2020, Ишанкулова М.Р., дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи дар моддаи 104 қисми 2, бандҳои “в,е,з” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухлати 19 сол, бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ барои занҳо маҳкум карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.