расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Машқи шабонаи оташнишонӣ дар ҶДММ «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе

. / Ҳаводис

Машқи шабонаи оташнишонӣ дар ҶДММ «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе

IMG 4069
Дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ба ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар иншооти муҳими давлатӣ, муассисаву ташкилот ва корхонаҳои шакли моликияту мансубияташон гуногун, бозору марказҳои калони савдо, ҷойҳои оммавӣ ва биноҳои баландошёна диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими зимистон дар онҳо чораю тадбирҳои иловагии зиддисӯхториро роҳандозӣ менамоянд.
Дар робита ба ин, тибқи нақшаи аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва тасдиқ карда шуда, бо мақсади таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва сайқал додани маҳорати касбию дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳолати омодабошии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ, шаби 21 декабри соли 2020 дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кохи Наврӯз», воқеъ дар хиёбони И.Сомонӣ 14/2-и шаҳри Душанбе, машқи тактикӣ-оташнишонӣ доир карда шуд.
Аз рӯи сенарияи машқ гӯё дар толори «Гулистон»-и Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Кохи Наврӯз» дар масоҳати 804 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Бо қабули хабар аз тарафи нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсат, тибқи ҷадвали баромадҳо бо даъвати №3, қувваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ фавран ба маҳалли баргузории машқи оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.
Роҳбарии амалиёти машқӣ тактикӣ-оташнишонӣ мувофиқи тақсимоти уҳдадориҳо дар вақти машқ ба зиммаи сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе полковникҳои хизмати дохилӣ Назарзода Илҳом вогузор гардида буд ва бо супориши ӯ дар маҳали ҳодисаи шартӣ Ситоди оташнишонӣ таъсис дода шуда, то расидани қувваву воситаҳои асосӣ барои рафъи сӯхтор аъзоёни дружинаи идоравии оташнишонии иншоот сафарбар карда шуданд. Дар кӯтоҳтарин муддат ҳайати роҳбарикунанда ва шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо миқдори зарурии нақлиётҳои асосию махсус, инчунин кормандони раёсату шуъбаҳои мухталифи мақомоти корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқу газ, обу корезӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ низ ба ҷойи таъин гардида, ҳозир шуданд. Барои пешгирии роҳҳои паҳншавии оташ, рафъи пурраи сӯхтор ва наҷоти молу мулк дар «Кохи Наврӯз» 4 минтақаи муҳорибавӣ ташкил карда, қувваву воситаҳо сари вақт сафарбар карда шуданд. Инчунин барои муайян намудани сабаб, гунаҳгор ва зарари расонида шуда, бо роҳбарии муовинони сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода аз ҳисоби мутахассисони Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, Шуъбаи илмӣ-татқиқотии Сарраёсат ва дигар ниҳодҳои дахлдор гурӯҳи таҳқиқотӣ таъсис дода шуд.
Раванди машқи амалии тактикӣ–оташнишонии муштарак аз ҷониби сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ва муовинони ӯ дар ҳама минтақаҳои муҳорибавӣ назорат карда шуда, иҷрои амалу ҳаракатҳои ҳар як иштирокчии он баҳогузорӣ карда мешуданд. Тибқи иттилои муовини сардори СХДО ВКД полковникҳои хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайниддин дар рафти амалиёт кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ тавонистанд, ки вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона ва бо сатҳу сифати баланд иҷро намуда, ҳодисаи сӯхтори шартиро дар масоҳати аввалааш ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба пуррагӣ хомӯш намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамчунин дар маҳалли чорабинӣ баргузории корҳои ташвиқоту тарғиботӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ дар фасли сармо, бо тақсим намудани китобу буклетҳо ва варақаҳои тавсиявӣ-ҳушдордиҳӣ ба шаҳрвандон, ба роҳ монда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар чунин машқҳои амалӣ ҳамаи масъалаҳо оид ба ташкили бо муваффаққият хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда такмил дода мешаванд. Аз ин лиҳоз, яке аз воситаҳои муҳимтарини ноил шудан ба сатҳи баланди тайёрии муҳорибавии ҳайати роҳбарикунанда ва шахсӣ мунтазам гузаронидани машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ дар шароитҳои гуногуни ба воқеият наздик ба ҳисоб меравад.
IMG 4103
Дар интиҳои чорабинӣ Сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ба иштирокчиёни машқи тактикӣ-оташнишонӣ ва роҳбарияти иншоот барои ҳолати хуби омодабошӣ ва иштироки фаъолонаашон изҳорӣ минатдорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани робитаҳои мутақобилан судманд дар пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ба ҳозирин таклифу пешниҳодҳои муфид дода, барои минбаъд ҳам содиқона ба халқу Ватан хизмат намудан ба онҳо музаффариятҳои беназирро таманно намуд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни фаъоли машқи тактикӣ-оташнишонӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Боиси тазаккур аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳои мақсаднок дар дигар муассисаву ташкилот ва корхонаву иншооти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда истодаанд.
Кароматулло Абдуллоев,
СХДО ВКД ҶТ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.