расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МОДАРЕ, КИ 8 МОҲ ДАР КОМА БУД БА ҶАРОҲӢ НИЁЗ ДОРАД

. / Ҷомеа

МОДАРЕ, КИ 8 МОҲ ДАР КОМА БУД БА ҶАРОҲӢ НИЁЗ ДОРАД

Ин модари зору гирён 8 моҳ дар ҳолати КОМА қарор дошт. Атрофиён ҳеҷ боварӣ надоштанд, ки Худованд саломатии Зебониссоро барқарор менамояду дидори ӯро ба азизонаш дубора муяссар мегардонад.

Бо даву този духтурон ва ҷасту талоши наздиконаш Зебониссо билохира ба худ омад. Ӯро баъди ба ҳуш омадан касе намешинохт, зеро 8 моҳи ҷонгудоз ӯро ба пусту устухон табдил гардонда буд, вале духтурон саломатияшро номусоид баҳо дода, гуфтанд ки 8 кг вазн дорад ва асабҳояш ниҳоят хароб буда, ниёз ба табобати дарозмуддат дорад, бо ҳамин мақсад мӯйи сари Зебониссоро тарошида ӯро дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ хобонданд.

Ҳамин тавр, дар ба дари беморхонаҳо давидану моҳҳои тӯлонӣ беҳаракат рӯйи ҷойгаҳи беморӣ хоб рафтан, холаи Зебониссоро аз пойи равон маҳрум сохт.
Сафинаи 14 сола бо вуҷуди ҳанӯз кӯдак буданаш ду бемори аз пойи равон маҳрумбударо таку танҳо парастрорӣ менамояд. Ҳамсолони ӯ дар айёми беғашии наврасӣ агар машғули бозию дарсхонӣ бошанд, Сафина бори гарони рӯзгорро бар дӯш дорад. Хӯрок мепазад, даст об мегирад, соат ба соат либоси модару бибиашро мешӯяд, рубучин мекунад, ҳезум шикаста, ҳавои хонаро гарм мекунад. Ӯ шаб шудани рӯзро нафаҳмида мемонад.

Итминони комил дорем, ки тамошобинони сомонаи “Оила” мисли ҳарвақта нисбати саломатии бенавою бечора бетараф намонда, дасти сахои худро сӯйи ин модари дар бистари беморӣ мехкӯбгашта дароз менамояд.
ҚОСИМОВА ЗЕБОНИССО РАДЖАБОВНА +992 90 370 19 74
6374600000007497404подробнее тдж: https://oila.tj/news/modare-ki-8-mo-dar-koma-bud-ba-aro-niez-dorad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.