расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОР ба ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна дастгирӣ кардани муҳоҷиронро шарҳ медиҳад

. / Ҷомеа

БОР ба ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна дастгирӣ кардани муҳоҷиронро шарҳ медиҳад

Дар навбати аввал истифода аз таҷрибаи пешрафтаи 5 кишвари Осиёи Ҷанубӣ тавсия дода мешавад.

Муқоваи таҳқиқот
Сурат: adb.org
Бонки осиёии рушд (БОР) бар асоси натиҷаҳои омӯзиши вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти зиёдеро муайян карда, барои ҳалли онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон рӯйи даст гирифтани баъзе тадбирҳоро тавсия медиҳад.
Таҳқиқот оид ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ (Strengthening support for labor migration in Tajikistan) дар навбати аввал пешниҳод мекунад, ки аз таҷрибаи пешрафтаи 5 кишвари Осиёи Ҷанубӣ - Бангладеш, Индонезия, Непал, Филиппин ва Шри-Ланка истифода шавад, ки ба ташкили низоми муваффақонаи дастгирии муҳоҷирони корӣ ноил гардидаанд.
Тавсияҳои сершумор аз омода кардани муҳоҷирони меҳнатии имконпазир барои кор дар хориҷа оғоз ёфта, бо дохил кардани онҳо ба низоми нафақа ба анҷом мерасанд.

Омода кардани муҳоҷирон

Пеш аз сафар бояд курсҳои гуногуни омодагӣ ва барномаҳои иттилоотиву таблиғотӣ пешниҳод карда шаванд, ки ба муҳоҷирони оянда ҷиҳати соҳиб шудан ба малакаҳои муайян, азхуд кардани забон ва донистани ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои худ дар кишварҳои таъинот кумак кунанд.

Ба низоми омода кардани муҳоҷирон ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, пешвоёни динӣ ва дигар шахсиятҳои муҳими ҷомеа, инчунин васоити ахбори омма тавсия дода мешавад. Пешниҳод мегардад, ки марказҳои тайёр кардани муҳоҷирон барои сафар ба хориҷа бояд натанҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар ҷамоатҳо (шӯроҳои пешини деҳот) ва марказҳои ноҳияҳо низ таъсис дода шаванд.
Инчунин пешниҳод карда мешавад, ки дар кишварҳои таъинот шабакаҳои дарёфти касбҳои серталаб ва тайёр кардани коргарони баландихтисос бо шуғли минбаъдаи қонунӣ таъсис дода шаванд.
Дар кишвари таъинот муҳоҷирон, ба ҷуз маълумоти умумӣ дар бораи кишвар, бояд дар бораи алоқа бо хадамоти консулгарӣ ва дигар хадамот, инчунин доир ба иттиҳодияҳои ҳамватанон маълумот дошта бошанд, то ки ёрии ҳуқуқӣ ва дигар кӯмакҳои зарурӣ гиранд.

Дар кишвари таъинот (қабулкунанда)

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки бо ҳукуматҳои кишварҳои таъинот оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар тамоси доимӣ бошад.
Масалан, пешниҳод мегардад, ки бо кишварҳои таъинот дар бораи шомил кардани муҳоҷирон ба низомҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишварҳо гуфтушунид анҷом дода шавад.
Тавсия дода мешавад, ки фаъолияти сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқи ҳамватанон ва расонидани дигар кӯмаки зарурӣ бо ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои диаспораҳо таъмин шавад. Зикр мегардад, ки  ҳама гуна кумаки зарурӣ бояд таъҷилан расонида шавад.
Илова бар ин, дар таҳқиқот доир ба дастгирии муҳоҷирон, ки бо ин ё он сабаб наметавонанд ба ватан баргарданд, таъмини онҳо бо манзил, хӯрок ва кӯмак дар бозгашт ба ватан низ сухан меравад.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои дастгирии муҳоҷирони истирдод ё ихроҷшуда сар аз расонидани кӯмаки равонӣ ба онҳо, то дастгирии моддӣ ва шуғл дар дигар кишварҳо ё дар дохили ҷумҳурӣ чораҳо андешида шаванд.
Гузашта аз ин, ба ҳукумат тавсия дода мешавад, ки барои шомил кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба низоми нафақаи Тоҷикистон тадбирҳо роҳандозӣ кунад, то ки ҳангоми расидан ба синни мувофиқ, онҳо дар қатори дигарон нафақа гирифта тавонанд.
Ғайр аз ин, гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и бозорҳои меҳнат пешниҳод карда мешавад: пайдо кардани ҷойҳои нави алтернативӣ ба ҷуз кишварҳои ИДМ, бозори кор ва боз ҳам беҳтар - фароҳам овардани шароит барои шуғли шаҳрвандони ҷумҳурӣ.

Хулосаҳо

Мувофиқи натиҷаҳои омӯзиши ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон, муаллифони гузориш ба хулосае расидаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ муҳимтарин манбаи пешбурди ҳаёти сокинони кишвар аст.
“Муҳоҷират сатҳи бекориро паст карда, ба воридшавии асъор мусоидат мекунад. Соли 2019 интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ба 33,4% ММД-и соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст», - қайд мешавад дар гузориш.
Зикр мегардад, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт натанҳо ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, балки ба ҷомеа ва дар ниҳояти кор, ба тамоми ҷумҳурӣ манфиат меорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.