расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » САЪДУЛЛО: АЗ БЕПУЛӢ РОЛТОН МЕХӮРЕМ, ЗАНАМ БОШАД ПУЛ ГУФТА ХОВ!

. / Ҷомеа

САЪДУЛЛО: АЗ БЕПУЛӢ РОЛТОН МЕХӮРЕМ, ЗАНАМ БОШАД ПУЛ ГУФТА ХОВ!

Ба ман сомонаи "Оила" хеле писанд омад. Дарди рузро пешкаши мардум мегардонад. Хусусан саҳифаи «Муҳоҷир» хеле хонданӣ аст!  Рақамҳои масъули ин сомонаро аз интернет гирифта занг зада истодаам. Номи ман Саъдулло, муҳоҷири шаҳри Сочии Русия. Сабаби ба газета муроҷиат карданам он аст, ки ҳамсарам ҳеҷ маро фаҳмидан намехоҳад. Ин зани бадгумон ҳамеша дар андешаи он аст, ки шавҳараш дар мулки рус бевабозӣ карда, пули ёфтаашро ба Машаю Наташаҳо сарф мекунад. Ман дар ин ҷо бо мушкилоти худ андармону вай дар он ҷо аз бекорӣ дар ҳаққи шавҳараш ҳар хел туҳмат бофта мешинад. Пул мехоҳад, вале ҳамон кори лаънатӣ набошад, аз куҷо пул ёфта ба ӯ фиристам?! Мехоҳам аз минбари «Оила» ба ҳамсари беандешаам бигӯям: -Занак, ба умеди пул нашав, кор нест, бар замми ин, муҳлати ҳуҷҷатҳоям гузаштаасту бояд илоҷе ёфта дубора ҳуҷҷат кунам, боз даҳҳо мушкилоти дигар дорам, барои ҳамин ҳар рӯз хоҳаронатро ба хона меҳмонӣ даъват накун. Камтар эконом карданро ёд гир, вагарна ҳолатон бад мешавад. Хаёл накун, ки шавҳарат ҳарсола барин пачка-пачка пул мефиристаду ту дар он ҷо бо фарзандонат калон-калон хӯрда, кайфу сафо карда мегардӣ. Он замонаҳои серпулии шавҳарат гузашта рафтанд, ҳоло кризис аст, мефаҳмӣ, кризис?! Худамон дар ин ҷо аз бепулӣ ролтон хӯрда гаштаем, ба туву бачаҳоят аз куҷо пул фиристам?! Намегӯям, ки аз ин пас умрат ҳамин хел қашшоқона мегузарад, вале камтар тоқат карданат лозим, ҳамин, ки кор ёфт шуду пул гирифтам, пеш аз ҳама ризқу рӯзии шумоёнро мефиристам. Беҳуда занг зада, асаби бе ин ҳам вайрони маро бештар вайрон накун, ки рақамҳоямро иваз мекунам, дигар маро намеёбӣ! подробнее тдж: https://oila.tj/news/sadullo-az-bepul-rolton-mekhrem-zanam-boshad-pul-gufta-khov

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.