расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми одамкушӣ

. / Ҳаводис

Дастгир гардидани ҷавони 23-сола бо ҷурми одамкушӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 9-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳасараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват намуда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо табари дар дасташ буда, якчанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъдан гумонбаршаванда барои рӯйпуш намудани ҷиноят ҷасади марҳумро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.