расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ситоди истифодаи сарфакоронаи барқро Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад, ба ӯ занг занед.

. / Ҳаводис

Ситоди истифодаи сарфакоронаи барқро Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад, ба ӯ занг занед.

Ба ташкили ин ситод бисёре аз сокинони кишвар бо "Азия-Плюс" тамос гирифта, пурсон шуданд, ки ин ситод дар куҷо аст ва дар сурати зарурат чӣ гуна мешавд бо онҳо тамос гирифт.

Кори фаҳмондадиҳии ситод дар Истаравшан
Сурат: mihdistaravshan.tj
Намояндагони ситоди ягонаи ҷумҳуриявии назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз истифодаи неруи барқ дар манзили истиқоматии сокинон дидан намоянд. Дар ҳолати пайвастшавии ғайриқонунӣ нисбат ба соҳибхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, иттилоъ доданд аз ВКД ба «Азия-Плюс».
Намояндаи ВКД мегӯяд, «намояндагони мақомтҳои дахлдор ҳангоми фаҳмондадиҳӣ метавонанад ноқилҳои барқии сокинонро тафтиш кунанд. Бо онҳо намояндагони ШСХК «Барқи тоҷик» ҳастанд, ки метавонанд аз пайвастшавии ғайриқонунӣ ба зудӣ огаҳӣ ёбанд. Агар ягон амали ғайриқонунӣ пайдо шуд, ҳатман нисбат ба соҳибхона чора дида мешавад».
Ӯ гуфт, роҳбари ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии кишвар буда, мақсади ситоди мазкур гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ мебошад.
Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки ситоди мазкур байни идоравӣ буда, аъзоёни ситод ҳам аз ВКД, КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии мубориза бо коррупсия, Вазорати энергетика, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш ва ШСХК “Барқи тоҷик” мебшанд, ки вазифаи онҳо асосан гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон мебошад.
«Аъзоёни ситод бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди истифодаи неруи барқ мегузаронанд. Ин ситод коргоҳи махсус надорад, чун байни идоравӣ аст. Рамазон Раҳимзода ситодро роҳбарӣ мекунад», - гуфтанд дар ВКД.
Ба гуфтаи манбаъ, сокинон барои он, ки бовари комил дошта бошанд, ки тафтишкунандагон намояндагони мақомотҳои масъул ҳастанд ва мақсад гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои ғайриқонунии неруи барқ мебошанд аз онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб намоянд. Инчунин илова кард, ки дар ҳолатҳои пайдо гардидани суолҳо ва ё дархосте, сокинон метавонанд ба шумораи телефони боварии вазири корҳои дохила 221 – 27 - 27 тамос бигиранд.
Ёдрас мешавем, ки бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ оид ба назорати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои пайвастшавии ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ таъсис дода шуд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 10 декабр фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар ҳар як шаҳру навоҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи барқ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
Гуфта мешавад, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ низоми истифодабарии барқ аз тарафи ҳар як шаҳрванд, корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.