ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ФАЙЗИГУЛИ ЮСУФ ДАР БОРАИ ТИР ХӮРДАНАШ ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ ВА НИКОҲИ МАҶБУРИАШ БО ЯК “ҚУМАНДОН” (ВИДЕО)

 

Овозхони шинохтаи тоҷик Файзигули Юсуф дар нашри навбатии барномаи "Ногуфтаҳо”-и Орзуи Исо саргузаштҳои талхаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандиро ёдоварӣ кард.

Файзигули Юсуф гуфт, як дафъа дар солҳои ҷанг вақте гулдастаҳои тақдимкардаи мухлисон дар даст аз саҳнаи Кохи Борбад берун меомад, ду "боевик” ӯро манъ карданд ва амр доданд, ки сурудхонон ба пеши командири онҳо биравам.

Файзигул маҷбур сурудхонон ба пеши он командир рафтааст.

"Суруди "Позови меня с собой”-и Алла Пугачёваро мехондам ва вақте ба пешаш расидам, он қумандон аз ҷояш хесту аз дастам дошт. Маро аз толор бароварданд ва ба як мошини сиёҳшиша бор карда бурданд. Рӯзи дигар муллоеро оварда, маро ба он командир маҷбуран никоҳ карданд”, - нақл кард Файзигул.

Файзигул гуфт, ин фармондеҳ як сол ӯро ҳамчун гаравгон дар хонааш нигоҳ дошт: "Бовар кунед, як сол ман на падару модар, на дигар наздиконамро надидам. Боз он солҳо ҳар рӯз аз радиову телевизион таронаҳои Файзигулро нашр мекарданд. Ман ба тақдир тан надодам, вале илоҷ надоштам. Он қумандон мегуфт, ки агар биравам, маро мекушад. Барои вай муҳим фақат як чӣ буд, ки нишон бидиҳад зӯриашро, ки вай як овозхони шинохтаро зан кардааст. Ягон тамос надоштам бо берун. Агар ягон чиз даркор мешуд, рӯйхат карда, аз ошёнаи дуюм ба муҳофизони он қумандон мепартофтам ва онҳо харид мекарданду ман ба воситаи банд бардошта мегирифтам.”

Дар ниҳоят як зани руси ҳамсоя ба воситаи швабра ба Файзигул телефон дароз кардааст ва ӯ тавонистааст ба як шиноси наздики мақомдораш занг занад.

Он шиносиФайзигул маслиҳаташ медиҳад, ки ба номи президент нома нависад ва ёрӣ биталабад. Файзигул гуфт, танҳо баъди навиштан ва ирсоли муроҷиат нафароне аз номи президент омада, ӯро аз асорати яксола халос карданд. Чанде баъди раҳоии Файзигул хабар омад, ки он қумандоне, ки Файзигулро як сол бандӣ карда буд, боздошт шудааст.

Файзигул дар барномаи "Ногуфтаҳо” номи он қумандонеро, ки нисбат ба вай раво дид, ном набурд, вале дар поёни солҳои 90 овоза шуда буд, ки ин овозхони шинохтаро як фармондеҳи қаттол бо лақаби Диловари Аҷина ба занӣ гирифтааст. Диловари Аҷина тақрибан 20 сол пеш, дар пайи дар маркази шаҳр, дар рӯбарӯи бинои шаҳрдорӣ намоишкорона бо мошини "ҷип”-аш пахш кардани як нафар дастгир шуд ва ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Файзигули Юсуф ҳамчунин қисса кард, ки бори дигар ғоратгарони мусаллаҳ шабона ба хонааш ҳамла карда, ба пояш тир заданд ва ҳама пулу молашро ба яғмо бурданд.

Файзигул гуфт, ҳодисаҳои даврони ҷанг чунон тарсон шудааст, ки ҳоло аз андак тақтақи дар дилаш таҳ мешинад.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон