расонаи иттилии - Ориён » . » Муҳоҷир » Муҳоҷири узбек дар Русия ба латтукӯби кудак айбдор мешавад

. / Муҳоҷир

Муҳоҷири узбек дар Русия ба латтукӯби кудак айбдор мешавад

ешавад 

Санкт-Петербург. 5 декабри соли 2020.

Шаҳрванди 36-солаи Узбекистон дар шаҳри Санкт-Петербург бо гумони расонидани зарари ҷисмонӣ ба писарбачаи 11-сола боздошт шудааст. Ин корманди пешини пулиси Узбекистон дар шикастани дасти кудаке айбдор мешавад, ки бо писараш меҷангид.
Вале ҳамсари гумонбар мегӯяд, ҷабрдида ва дӯстонаш пештар писари 10-солаи онҳоро таҳқир ва латтукӯб карда буд. Додгоҳи Санкт-Петербург 8 декабр қарор кард, ки шаҳрванди Узбекистон Ж. Э. то анҷоми тафтишот дар ҳабс бимонад.
Ба огаҳии Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург, зидди муҳоҷири кории узбек бо банди "Қасдан расонидани зарари миёнаи ҷисмонӣ ба шахси ноболиғ" айб эълом шудааст.
Бар асоси маводи парванда, гумонбар 5 декабр дар майдончаи кудаконаи назди бинои зисташон писари худ ва кудаки 11-соларо, ки бо ҳам меҷангиданд, аз ҳам ҷудо мекунад ва ҷабрдидаро тела медиҳад. Дар натиҷа ӯ ба замин афтида, дасташ мешиканад.
Додгоҳ 8 декабр дархости кумитаи тафтишотӣ барои ҳабси пешакии гумонбарро қонеъ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.