“ҚУРУТОВ” – НАХУСТИН КЛИПИ ЗАФАРЧА БАЪДИ ТАБОБАТАШ АЗ КОРОНАВИРУС (ВИДЕО)

 

Зафар Аюбӣ, маъруф ба Зафарча, як овозхони шинохта дар минтақаи Кӯлоб, ки моҳи май бо аломатҳои бемории коронавирус дар клиникаи ба номи Мансуров бистарӣ шуда буд, баъди шифо ёфтану ҷавоб шуданаш аз бемористон клипи нави худро бо номи "Қурутов” дар Ютуб нашр кардааст. Наздикони Зафар Аюбӣ ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки ӯ аз 12 то 20 май дар клиникаи Мансуров таҳти табобат қарор дошт.

Ин таронаи шӯхро дар байни се рӯз алакай беш аз 10 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар клипи "Қурутов" Зафар Аюбӣ хеле солиму болидарӯҳ ба назар мерасад ва дар ин тарона аз ҷумла мехонад:

Қурутов!

Қурутов!

Қурутовум мефора!

Тар кунен қурутора,

Қурутовум мефора.

Қаламфур дар қурутов

Аҷоиб мазза дора!

Қурутоб як навъ ғизои маъруф дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон аст, ки аз фатиру қурут (ё ҷурғот) омода карда мешавад.

Зафар Аюбиро рӯзи 12 май пеш дар ҳолати вазнин бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) ва эҳтимоли гирифторшавӣ ба коронавирус аз Кӯлоб ба Душанбе оварда, дар клиникаи ба номи Мансуров бистарӣ карданд. Рӯзи 14 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое дар бораи гӯё аз бемории коронавирус вафот кардани Зафар Аюбӣ нашр шуд, аммо наздикони овозхон билофосила ин овозаҳоро рад карданд ва гуфтанд, аҳволи ӯ дар беморхона баракс беҳтар шудааст.

Худи Зафар Аюбӣ рӯзи 14 май дар як паёми видеоӣ аз клиникаи ба номи Мансурови шаҳри Душанбе гуфт, "аз имтиҳони зиндагӣ гузашта истодаам. ИншоАллоҳ, рӯзҳои нек дар пеш аст. Ба ҳама салом!” Зафар Аюбӣ дар ҳоле ки бо сахтӣ суҳбат мекард, аз мухлисонаш хост, "ба ҳар гуна овозаҳо гӯш накунед. Соз аст ҳама чӣ...”

Зафар Аюбӣ, бародарзодаи шоири равоншод Сафармуҳаммад Аюбӣ, аз овозхонҳои маъруфи қариб 40 соли охир дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки бештар таронаҳои тӯёна мехонад. Як замон шӯҳрати ӯ ба андозае буд, ки шӯхиомез мегуфтанд, «Жигулии 06 ва Зафарча ҳеҷ гоҳ аз муд намераванд.» Иттифоқан «Жигулии 06» билохира аз муд рафт, вале Зафар Аюбӣ то ҳол тавонистааст маъруфияташро нигоҳ бидорад.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон