ҶӮРАБЕК НАЗРӢ – ДОНИШМАНД ВА ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

ҶӮРАБЕК НАЗРӢ – ДОНИШМАНД ВА ОВОЗХОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

 

Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 24-уми май дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Радиои Озодӣ хабар дод, ки Ҷӯрабек Назрӣ ва чанд узви хонаводааш чанд рӯзи охир дар шифохонаи "Истиқлолбистарӣ буданд. Ҷӯрабек Назрӣ соли 1996 унвони доктори илмҳои филологиро ба даст оварда, соли 2001 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуда буд. Ӯ ҳамчунин аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҷӯрабек Назрӣ соли 1990 унвони Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва соли 1999 унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Зиндагинома

Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба ҷаҳон омадааст. Волидайнаш аз деҳоти Ғожу Тоғмайи ноҳияи Дарвоз ба Хатлон омадаанд, ки сабабаш муҳити носозгори соли 1937 будааст. Баъдан, тобистони соли 1954, хонадонашон ба шаҳри Сталинобод(Душанбеи кунунӣ) кӯч бастааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №23 ноҳияи Роҳи оҳан (ҳозира Шоҳмансур) – шаҳри Душанбе, соли 1963, донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Аз соли хатми Донишгоҳ то кунун дар Академияи илмҳо кор мекунад ва аз дараҷаи аспирантию ходими илмӣ то мақоми директори Иттиҳодияи музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ расидааст. Ҳоло мудири «Ганҷинаи мероси хаттии ба номи академик А. Мирзоев»-и Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ АИ ҶТмебошад.

Эҷодиёт

Ӯ соли 1974 дар мавзӯи «Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайливу Манҷун»-и ӯ» рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзуи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ (1983), Матни илмии интиқодии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ» (Теҳрон, 1993), «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (1996), «Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ» (1996), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (Теҳрон, 2001), «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ» (2007), Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома». – Д., 2014, Дарёи сухан пуроб бояд. – Д., 2016. ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар соҳаи мусиқиофаринӣ ва сурудхонӣ соҳиби мактаби хоссае буда, чандин ҳунарманди соҳибноми ҷумҳурӣ шогирди мактаби ҳунарии ӯстанд.

Мукофот

Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1990).

·Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Адабиёт

·Родмарди андеша ва ҳунар. – Д., 2007.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон