ВИДЕО: ТОБУТИ НАТТОҚИ МАЪРУФ МУНИРА ҲАКИМОВАРО АЗ МОШИН НАФАРОВАРДАНД

 

Дар Интернет видеои маросими намози ҷанозаи Мунира Ҳакимова, наттоқи шинохтаи ТВ нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки маросими намози ҷанозаи Мунира Ҳакимова бо иштироки теъдоди маҳдуди одамон доир шуда, тобутро ҳангоми хондани намози ҷаноза аз мошини хадамоти санитарӣ нафароварданд. Рӯҳоние, ки намози ҷанозаро имоматӣ мекард, дар бора Мунира Ҳакимова ҳамчун қурбонии вабои аср, яъне коронавирус суҳбат мекунад.

Мунира Ҳакимова, наттоқи шинохтаи ТВ Тоҷикистон рӯзи 23 май дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (маъруф ба беморхонаи "1-ум Советский”) вафот кард. Табибон илтиҳоби шуш ё пневмонияро иллати марги ӯ номиданд. Ба гуфтаи наздиконаш, Мунира Ҳакимова дар аввали моҳи май бемор шуда, чанд вақт дар хона табобат гирифт ва сипас вайро ба Маркази тиббии ба номи К.Аҳмадов бурданд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон