расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Зане дар Душанбе дӯстдорашро се корд зад

. / Ҳаводис

Зане дар Душанбе дӯстдорашро се корд зад


Дар шаҳри Душанбе як зане боздошт шуд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот дӯстдори худро ба қатл расониданӣ шудааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зодаи шаҳри Бӯстон, зани 34-сола, ки муваққатан дар Душанбе зиндагӣ мекунад, ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.
“Номбурда шаби 7 ба 8-уми декабр, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ аз сабаби рашк 3 маротиба бо корд ба узвҳои бадани марди 39-солаи сокини пойтахт зарба задааст”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, дар натиҷа мард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.