расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Муовини раиси ҲСДТ ба ҳабс гирифта шуд

. / Ҳаводис

Муовини раиси ҲСДТ ба ҳабс гирифта шуд

Ду моҳро ӯ паси панҷара ба сар хоҳад бурд.

Суди шаҳри Ҳисор дар бораи ба ҳабс гирифтани муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Маҳмурод Одинаев қарор содир намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, қарори ба ҳабс гирифтани Одинаев бо пешниҳоди мақомоти прокуратура қабул шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Одинаев нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар якҷоягӣ бо собиқ ҳамсараш ва писараш ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир гардида, бо баҳонаи он, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ ва беасос писари ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд, дидаю дониста дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров дар мавриди ин масъала қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ҳмизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.