расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ЧАРО НИГИНА АМОНҚУЛОВА ДУШМАНИ БЕҲРӮЗ ЗЕВАРОВ ШУД?

. / Ҷомеа

ЧАРО НИГИНА АМОНҚУЛОВА ДУШМАНИ БЕҲРӮЗ ЗЕВАРОВ ШУД?

Беҳрӯз Зеваров ба муаррифӣ ниёз надорад. Ӯ продюсер, овозхон ва соҳибкор мебошад. Дар рушди санъати тоҷик саҳми Зеваров арзанда аст. Суҳбати имрӯзаи мо атрофи бемории овозхон, ҳамкорӣ бо Нигина Амонқулова ва ҳаёти шахсии ӯ сурат мегирад.

- Чӣ сабаб шуд, ки шумо дар баробари продюсер будан, боз ба овозхонӣ рӯ овардед?
-Рости гап, аз хурдсолӣ ба ин касб ҳавас доштам ва ҳавас ба ҳадаф табдил ёфт.
-Як соли охир шумо таронаи нав пешкаш накардед, чаро?
-Имсол барои ман соли хеле вазнин буд, чун ман бемор шуда будам... Чанд таронаи нав буд, аммо пешниҳод карда натавонистам. Ҳоло рӯи албоми навам кор карда истодаем, ки “20.05” унвон хоҳад гирифт.
-Чаро маҳз “20.05”?
-Ин барои ман як рӯзи муҳим аст. Барои мухлисон бошад, сюрприз хоҳад шуд.
-Тайи чор соле, ки шумо касби сарояндагиро интихоб кардаед, аз фаъолияти овозхонии худ қаноатманд ҳастед?
-Бале, розӣ ҳастам. Дар муддати 4 сол 7 суруди ман нашр шуд. Фикр мекунам, ки кам бошаду хуб бошад.
-Шумо миёни ҳунармандон аввалин нафаре будед, ки ба COVID-19 гирифтор шуданатонро дар шабакаҳои иҷтимоии худ расман эълон кардед. Чӣ шуморо ба ин кор водор кард?
-Вақте ман аз ин беморӣ шифо ёфтам, хостам, ки ба табибон ва он нафароне, ки дар ҳаққам дуо мекарданду дар шарҳҳо суханҳои хуб менавиштанд, изҳори миннатдорӣ кунам.
-Дар хона танҳо шумо ба COVID-19 гирифтор шуда будед ё...?
-Мо оилавӣ бемор шуда будем.
-Дар зиндагӣ аз ҳама нафари наздик барои шумо кист?
-Албатта, падару модарам наздиктарин нафарон барои ман ҳастанд, ки барои онҳо ҳатто диламро медиҳам.
-Замоне продюсери Ҷонибек Муродов будед, як муддат бо Нигина Амонқулова низ кор кардаед... Ҳолатҳои пур аз моҷаро ё ҳамдигарнофаҳмӣ буданд?
-Чунин ҳолатҳо зиёданд. Масалан, соли 2013 якчанд қувваҳои беруна буданд, ки ба муносибатҳои ману Нигина Амонқулова таъсир расонида буданд. Аз оғози клипи “Маро муҳаббати ту кушт” то барпо кардани консерти яккаи ӯ дар “Кохи Борбад”, дӯстони наздики худам миёни ману Нигина Амонқулова даромада, муносибатҳои моро вайрон карда буданд.
-Ҳоло муносибатҳоятон бо Нигина Амонқулова чӣ гуна аст?
-Ҳоло ҳамааш хуб аст ва ман ҳамаи он дӯстонамро бахшидам. Бахшидан ҳам як қаҳрамонист. Нафарони бегона ҳеҷ гоҳ аз пушт шамшер намезананд, шамшерзанандаҳо ин ҳамон дӯстони худамон ҳастанд.
-Чанд моҳ бо Нигина Амонқулова қаҳрӣ гашта будед?
-Қариб ду сол бо ҳам гап назадем. Баъдан дар як чорабинӣ вохӯрдему гӯё чизе нашуда бошад, бо ҳам суҳбати самимӣ доштем ва хафагӣ аз байн рафт.
-Дар бораи ҳаёти шахсиатон сару садоҳо зиёданд. Яке шуморо оиладор мегӯяд, дигаре аз ҷудоии шумову ҳамсаратон ҳарф мезанад. Ба кӣ бовар кунем?
-Ман соли 2014 оиладор шуда будам ва шаш сол мешавад, ки аз ҳамсарам ҷудо шудаам. То ҳол нафари ба худам мувофиқро пайдо накардаам, то дубора оила барпо намоям.
-Ҳамсари ояндаи шумо бояд чӣ гуна бошад?
-Азбаски ман хӯрданро зиёд дӯст медорам, бояд кадбонуи хуб бошад (механдад). Баъдан рафтору гуфтору кирдори нек дошта бошад.
-Агар ба шарҳи ҳолатон аҳамият диҳем, шумо дар синни 15-солагӣ донишҷӯ шудаед. Магар дар ин синну сол донишҷӯ шудан мумкин аст?
-Дар Гимназияи №74 таҳсил мекардам ва таъриф нашавад, талабаи аълохон будам. Ҳамин хел шуд, ки синфи сею чорро якбора хатм карда, ба синфи панҷ гузаштам, чун барои нафарони аълохон ин кор мумкин буд. Аз синфи шаш таҳсилро дар Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат давом додаам. Дар он ҷо системае вуҷуд дошт, ки агар аълохон бошед, синфи даҳу ёздаҳро ба таври фаврӣ хатм карда метавонистед. Хулоса, дар синни 14-солагӣ мактаби миёнаро хатм карда, дар 15-солагӣ ба ихтисоси муҳандис-барномасози Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дохил шудам. Илова бар ин, кор ҳам мекардам. Барои рӯзномаву маҷаллаҳо кроссворду сканворд сохта, бар ивазаш дар ҳаҷми 150 доллар маош мегирифтам.
подробнее тдж: https://oila.tj/news/charo-nigina-amonulova-dushmani-berz-zevarov-shud

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.