РӮЗИ ФАРҲАНГ МУБОРАК! Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд

Имрӯз  дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи фарҳанг, ки ҳамасола 20 март дар  мамлакат таҷлил мегардад, ҷамъомад доир шуд. Иштирокчиёни он масъалаи татбиқи сиёсати амалии фарҳангӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакатро дар соҳаи фарҳанг муҳокима намуданд. Ба муносибати таҷлили Рӯзи фарҳанг имрӯз инчунин дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги мамлакат барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар ва қадрдонии фаъолони соҳа ҷараён дорад.

Хотиррасон менамоем, ки маҳз се сол муқаддам,  моҳи апрели соли 2017 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловҳо ворид намуданд, ки тибқи он 20 март ҳамасола дар ҷумҳурӣ  Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Зимнан, дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз зиёиёни эҷодкори мамлакат низ иди касбии худро ҷашн мегиранд.

Фарҳанг маҷмӯи арзишҳои моддию маънавие мебошад, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода мебарад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ба принсипҳои дастраси умум будани сарватҳои фарҳанг, озодии фаъолияти эҷодӣ, мусоидат кардан ба инкишофи қувваҳои эҷодии шаҳрвандон, эътирофи гуногунақидагӣ ва муносибат ба ҷараёни эҷодӣ, ҳимояи фарҳанги ҳамаи халқҳои Тоҷикистон, баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакат дар эҷод, истифода ва интишори сарватҳои фарҳангӣ, ҷанбаи умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстона доштани фарҳанг, ҷалби фаъолонаи ҷомеа ба сарватҳои фарҳанги умумимиллӣ ва умумибашарӣ  асос ёфта, замони соҳибистиқлолии мамлакат ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Маҳз бо ташаббус ва иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра соҳаи фарҳанг ба таври назаррас рушд карда, ин арзиши волои умумибашарӣ дар таҳкими дӯстиву бародарӣ ва хештаншиносии аҳли ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Рушди мунтазами соҳаи фарҳанг, — гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз мулоқотҳои анъанавии худ бо зиёиёни мамлакат, ба беҳдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу рағбати зебоиписандӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои мардуми фарҳангсолори моро ташаккул медиҳад ва дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Бемуҳобо, далели гуфтаи Сарвари давлатро дар он метавон дарёфт, ки ҳамасола дар ҳиссаи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг афзуда, дар ин замина дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат қасру марказҳои муҳташами фарҳангӣ ба истифода дода мешаванд.

Тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат, намояндагони ҳама гуна ақаллиятҳои миллӣ ва этникӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд, ба нигоҳдорӣ, густариш ва ҳифзи фарҳанги миллии хеш, ташкили корхона ва муассиса, иттиҳодия, марказ ва ҷамъиятҳои миллии фарҳангӣ ҳуқуқ доранд.

Инчунин Тоҷикистон ба марказҳои миллии фарҳангӣ, ҷомеаҳои миллӣ, ассотсиатсияҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои фарҳангии ҳамватанони берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кумак мерасонад, ҷиҳати бастани созишномаҳои байналмилалӣ дар ин соҳа тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя менамояд.

Идомаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат ин буд, ки соли 2011 бо мақсади ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ба тасвиб расид.  Барномаи мазкур дастурамали муҳиме ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти осори ғайриманқули мероси таърихию фарҳангии мамлакат хоҳад гашт.

Татбиқ ва амалӣ намудани Барномаи мазкур имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол танзими ҳифз, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати ёдгориҳои таърихию фарҳангии барои истифода пешниҳодшаванда   бештару беҳтар гардад. Ин дар навбати худ ҷиҳати афзоиши воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.

Тағйироти куллие, ки ба воситаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур ба амал меояд, барои пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихию фарҳангӣ   мусоидат менамояд.

Маблағи умумии барои Барнома пешбинишуда 67,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 60 млн. сомонии он маблағҳои буҷавиро ташкил медиҳад.

Натиҷаи татбиқи тадбирҳои мазкур буд, ки фарҳанги пурғановати тоҷикон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, дастовардҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд.

Тибқи маълумоти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик «Шашмақом», «Оши палав», «Наврӯз», «Фалак» ва «Чакан» ба феҳристи ЮНЕСКО шомил шуданд.

Зимнан, 29 ноябри соли 2018 ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи солонааш дар Маврикий «чакан»- як навъи гулдӯзии тоҷикиро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст», — навишта буд сомонаи расмии ЮНЕСКО дар муаррифии чакан.

Таҳлили амиқи тадбирҳои андешидашуда ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дурандешонаву муваффақона роҳандозӣ гардидааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон