расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Айёдати омӯзгорони рус баъди сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав

. / Ҷомеа

Айёдати омӯзгорони рус баъди сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Ҳоло дар Тоҷикистон 50 омӯзгори рус бар асоси як созишномаи байнидавлатӣ кор мекунанд.

Сурат: Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд
Дар Тоҷикистон баъди нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Русия ва дидораш бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия, айёдати омӯзгорони русе, ки тибқи созишномаи давлатӣ ба Тоҷикистон омадаанд, оғоз шудааст.
Айёдати омӯзгорони рус аз вилояти Суғд оғоз шуд ва дирӯз мовини  раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ба манзили омўзгори фанни забон ва адабиети рус Екатерина Половинкина рафт.
Фирӯза Нуруллозода ин омӯзгори русро хабар гирифта, аз вазъи зиндагиву фаъолияташ пурсон шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар сафари Рустами Эмомалӣ ба Русия тавофуқ ҳосил шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон омӯзгорони русро, ки ба Тоҷикистон эъзом шудаанд хабар мегирад ва ба онҳо ёриҳои иловагӣ мерасонад.
Бояд гуфт, ки Екатерина Половинкина дар мактаби умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд омӯзгори забону адабиёти рус аст ва хонандаҳои синфҳои 6-10-ро дарс медиҳад.
Екатерина Половинкина аз ин таваҷҷуҳ хурсанд шуда гуфт, ки Хуҷанд барояш шаҳри бегона нест, чун  соли сеюм аст,  ки дар ин ҷо кору фаъолият мекунад.
Екатерина ПоловинкинаАкс: дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд
“Урфу одат, хонаву манзил, бозору маърака, меваю таъомҳои болаззати ин ҷо  бароям хеле писанд аст. Дар раванди таълиму тарбия бо истифода аз  тамоми имкониятҳо  малака ва истеъдодамро барои ғанӣ гардонидани дониши хонандагон истифода менамоям”-мегӯяд ӯ.
Екатерина Половинкина, зодаи вилояти Нижновгороди Федератсияи Русия  мебошад. Ӯ  аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии " Гулчини маьрифат" кор мекунад.
Матлуба Муинова директори муассисаи Гулчини маърифат дар сӯҳбат ба “Азия-плюс”  аз омӯзгор Екатерина Половинкина тавсиф карда гуфт, ки  тӯли ду сол мешавад, дар муассисаи мо ба хонандагони синфҳои таълимашон ба забони русӣ дарс медиҳад.
“Мо барояш  таоми  шароити зистро муҳайё карда, бо хона таъмин кардем. Аз рӯи соатҳои дарсиаш  маош мегирад, ҳатто соле як маротиба  роҳкирои рафту омадаш ба кишвари Русия аз ҷониби муассиса пардохт мешавад”.
Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматмов ҳоло дар вилояти Суғд 14 нафар омӯзгори рус дар асоси шартномаи байнидавлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон  Ғафуров, Спитамен, Ашт ва Бӯстон фаъолият менамоянд. Аз ҳоли ҳамаашон бо супориши раиси вилоят хабар мегирем, ҳамчунин ба онҳо кӯмакпулӣ ва маводи озуқаворӣ супорида мешавад.
“Ин 14 нафар омӯзгор дар асоси дархости муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур  ба кор ҷалб гардида, аз рӯи сотаҳои дарсиашон маош низ мегиранд. Ба ғайр аз маоше, ки аз ҷои кории кишвари худашон дода мешавад. ”-афзуд Раҳматов.

Ёдовар мешавем, ки  гурӯҳи омӯзгорони рус  бори нахуст соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада  буданд.
Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.