расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Хайём - ҳакими мондагоре ба мондагории ҷаҳон эътиқод надошт

. / Ҷомеа

Хайём - ҳакими мондагоре ба мондагории ҷаҳон эътиқод надошт

Дар ростои рӯзи марги Умари Хайём

Сурат: salameno.com
Имрӯз рӯзи марги Умари Хайём, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмиву адабии ҷаҳон аст. Чеҳрае, ки аз оғоз то кунун шахсияташ ҳамроҳ ба баҳсҳои илмиву мазҳабиву адабиву фалсафӣ аст. Чеҳрае, ки яке аз "брендҳо"-и азамати фарҳангии форсзабонон дар дунё аст.
Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ ҷойгоҳи бисёр муҳтараме дар ҷоҳони имрӯз дорад. Ӯ 18-уми майи соли 1048 дар Нишопур таваллуд шуд ва 4-уми декабри соли 1131 дар ҳамин Ношпур дида аз ҷаҳон пӯшид.
Хайём дар дунё бо тахаллусҳое чун ҳамачиздон, файласуф, риёзидон, ситорашинос, шоир ва рубоисар маъруф аст. Ҳарчанд ҷойгоҳи илмии Хайём бартар аз ҷойгоҳи адабӣ ва шоирияш аст, аммо шаҳомати шахсияти Хайёмро дар дунё пеш аз ҳама рубоёти ҷанҷолбарангез ва фикриву фалсафияш таъмин кард. Ба дунболи рубоёт дунё аз як нобиғаи дигари илмӣ ҳам хабар ёфт.
Нобиғае, ки то кунун тақвими сохтааш, бо вуҷуди пешрафтҳои зиёди илмӣ, баъди наздик ба 900 соли маргӣ ӯ, ҳанӯз дақиқтарин тақвим ё гоҳшуморӣ дар дунё аст.
Дар ростои рӯзи марги ин нбиғаи илму адаби ҷаҳон, ки ифтихороти зиёде барои фарҳангу тамадунни ҷаҳонӣ офаридааст ва бузургии тамаддуни форсии тоҷикро дар дунё таъмин кардааст, як мустанадеро, ки 5-сол пеш BBC форсӣ сохта буд пешниҳод мешавад.
Дар ин мустанади Содиқи Сабо бо номи “Умар Хайём: нобиғаи парастишгар” ба шахсияти Хайём ва ҷойгоҳи ӯ дар дунё бештар ошно шавед. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.