Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

Мақоми аввали Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awаrds 2019"

 Овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Bob Music Awards 2019" дар бахши "Беҳтарин овоз" соҳиби мақоми аввал ва мукофоти пулӣ - 5000 сомонӣ шуд 

Дар толори "Кохи Суруш" - и шаҳри Душанбе, даври ниҳоии озмуни овозхонии "Bob Music Awards 2019" ҷамъбаст гардид.

Дар он сарояндагони ҷавон ҳунару маҳорати овозхонии худро бо иҷрои сурудҳои жанрҳои мухталиф, нишон доданд.

Имсол 11 сароянда ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Се сарояндаи ҷавон, ки мақоми аввалро аз худ карданд бо мукофоти пулӣ - 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамин тавр дар бахши "Беҳтарин овоз" - сарояндаи ҷавон - Чоршанбе Аловатов, ки бо суруди ватандӯстонаи "Озода ватан" ҳунарнамоӣ кард, мақоми аввал гирифт. Дар бахши "Беҳтарин ҳунарнамоӣ" Умед Амруллоев гирандаи мукофоти олӣ шуд. Ӯ суруди "Фарёди ишқ"-ро иҷро кард. "Беҳтарин суруд" дар иҷрои Ҳайдар Каримов таҳти унвони "Беҳамто", садо дод.

Ҳашт сарояндаи дигар - Амалия Азимова, Мадина Назарова, Азиза Нӯъмонова, Гузал Камолова, Малика Шукурова ва гурӯҳҳои  "Перси", Roy sound, "Киа Кабир" соҳиби сертификатҳои вижаи озмун шуданд.

Мадина Назарова ва Умед Амруллоев барои сабти касбии сурудҳояшон ба студияи гурӯҳи "Авесто" даъват шуданд.

Ба маҳорати овозхонони ҷавон, дар бахши ниҳоии озмуни "Bob Music Awards 2019", овозхонон ва доварони касбии Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд.

Миёни онҳо раҳбари гурӯҳи "Шамс" Иқбол Завқибеков, оҳангсоз Карин Грин, композитор Ҷасур Халилов, репери тоҷик Баха - 84, пионнавози амрикоӣ Ҷениффер Химстр ва ширкаткунандаи озмунҳои гуногуни овозхонӣ Даниэл Рустамов, буданд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20191001/1029957593/Chorshanbe-Alovatov-dar-ozmun-Bob-Music-Awords-2019.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон