расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

Президент / Сиёсат

Раҳмон номзад ба президентӣ ва Файзизода раиси нави иттифоқҳои касаба шуд

Дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он бо овоздиҳии якдилонаи вакилон, Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд
Тибқи иттилои котиботи Иттифоқи касаба, дар ҷаласа, баробари пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ, инчунин роҳбарони нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, вакилони Анҷуман Файзизода Исмоил Назриро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Назарзода Нигора Нураҳмадро муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб намуданд.
Вакилони Анҷуман инчунин лоиҳаи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Барномаи амали Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Таъкид шудааст, ки масъулини Иттифоқҳои касаба, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, садоқати беандоза ба Ватан, ҷоннисорӣ баҳри шукуфоӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва даҳҳо амалҳои наҷиб хирадмандӣ ва дурандешӣ, муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба раисиҷумҳур суханронӣ намуданд.
Нашри ин иттилоия дар ҳолест, ки Иттифоқҳои касаба аз ҷумлаи ниҳодҳое дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳаққи пешниҳоди номзад ба президентиро соҳиб мебошад. Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 октябр дар назар аст.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200826/1031796716/Peshnihodi-nomzadii-Emomali-Rahmon-ba-maqomi-prezidenti.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.