расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » СММ уфти иқтисоди ҷаҳонро дар пайи Covid-19 пешбинӣ мекунад

. / Ҷаҳон

СММ уфти иқтисоди ҷаҳонро дар пайи Covid-19 пешбинӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ.

Дар поёни соли 2020 уфти иқтисоди ҷаҳонӣ ба далели бемории коронавирус 4,3 дарсадро ташкил хоҳад дод. Дар соли 2021 иқтисод бояд дар сатҳи 4,1 дарсад барқарор шавад. Дар ин бора дар гузориши Конфронси СММ дар умури тиҷорат ва рушд зикр шудааст.
Бино ба пешбиниҳои муаллифони гузориш, кишварҳои рушдкарда нисбати кишварҳои дар ҳоли рушд аз COVID-19 зиёни бештар мебинанд. Агар буҳрон ба поён нарасад, дар ин ҳолат 130 миллион одам зери хати фақр қарор хоҳад гирифт. "Сарфи назар аз пайдоиши воксин, зиёни вабо дар оянда таъсири манфӣ хоҳад дошт",- менависанд иқтисоддонҳо.
Дар миёнаҳои моҳи октябр Сандуқи байналмилалии асъор барои иқтисоди ҷаҳонӣ пешбиниҳои мусбате дошт ва акнун уфти 4,4 дарсадӣ дар соли 2020 ва барқароршавии 5,2 дарсадро дар соли 2021 пешбинӣ мекунад. Созмони мазкур уфти иқтисоди Русияро бештар аз 4 дарсад пешгӯӣ мекунад, аммо ҳукумати Русия мегӯяд, иқтисодаш то 3,9 дарсад қоҳиш хоҳад ёфт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.