расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Боғ ба ҷои бино: тахриби бинои ҷадиди Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе

. / Ҷомеа

Боғ ба ҷои бино: тахриби бинои ҷадиди Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе

Тахриби бинои ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои сохт Боғи мавсум ба 30 - солагии истиқлол оғоз шуд
 Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, ки кормандони ин ниҳод акнун дар биное мавсӯм ба "Душанбе Плаза" фаъолият мекунанд.  
 Ёдрас мешавем, ки "Душанбе Плаза" аз сӯи Зайд Саидов, соҳибкор ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шуда аст, сохта шуда буд.
Бинои дар ҳоли тахриби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2005 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва акнун бо тасмими шаҳрдории Душанбе ба ҷои он Боғи 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон сохта мешавад.
Ин боғи ҷадид дар масоҳати 29 гектар дар канори Донишгоҳи омӯзгор , меҳмонхонаи Авесто ва Кохи Ваҳдат бо ҳафт дарвозаи вурудӣ сохта хоҳад шуд.
Ҳамчунин сохти бурҷе бо номи "Тоҷ" дар ин боғ ба иртифои 121 метр ба унвони рамзи истиқлоли Тоҷикистон мадди назар аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.