расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар 5 ноҳияи Суғд Маркази ташхиси коронавирус ташкил мешавад

. / Ҳаводис

Дар 5 ноҳияи Суғд Маркази ташхиси коронавирус ташкил мешавад

Ин тавофқ дар мулоқоти намояндаҳои Вазорати тандурустӣ, созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ҳукумати вилоят ҳосил шудааст.

Сурат: Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд
Дар ноҳияҳоиАшт, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд марказҳои ташхиси бемории коронавирус ташкил хоҳад шуд. 
Ин тавофуқ рӯзи гузашта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон  Бахтигул Карраева ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Самараддин Ализода  ҳосил шудааст. 
Сухангӯи раиси вилояти Суғд Музаффар Юнусов ба “Азия-плюс” гуфт, дар назар аст, ки марказҳои ташхиси коронавирус  дар ин ноҳияҳо  то охири сол ба баҳрабардорӣ супурда шаванд.
“Масъалаи таъмини бино аз ҷониби ҳукумати вилоят ҳал гардида,  таҷҳизоту лавозимот ва  таъмини кадрҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дастгирӣ карда мешаванд”- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки то имрӯз танҳо дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд чунин ташхисгоҳ мавҷуд асту халос. 
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ноҳияҳои Ашт, Ғафуров,  Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва Панҷакент аз  минтақаҳои осебпазир дар ин вилоят маҳсуб мешаванд, аз ин хотир   дар ин ноҳияҳо чунин марказҳо  таъсис дода мешаванд.    

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.