расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистону Шветсия тадбирҳои пешгирии паёмадҳои Covid-19-ро баррасӣ карданд

. / Сиёсат

Тоҷикистону Шветсия тадбирҳои пешгирии паёмадҳои Covid-19-ро баррасӣ карданд

Давлатҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Стратегияи нави ИА баён намуданд.

Сурат: ВКХ Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16 ноябр бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линде мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавзӯъҳои меҳварии ин суҳбатро ташкил доданд.
Гуфта мешавад, давлатҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф ва муҳити зист ва дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ баён намуданд.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба тадбирҳои пешгирии паёмадҳои Covid-19 мубодилаи афкор карда, омодагии худро барои муборизаи муштарак бо ҳамагирӣ иброз намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.