ДОСТОНИ ИШҚИ КАБӮТАРИ ҲАРАМ ВА СИПАҲСОЛОРИ ХУҶАНД (ТЕ)МИРМАЛИК

НИГИНА ВА МИРМАЛИК…- чунин ном дорад романи таърихии нависандаи маъруфи тоҷик Додохони Эгамзод. Он рӯйдодҳои сӣ соли аввали қарни сенздаҳуми милодиро аз ҷулуси Хоразмшоҳи сонӣ то ҳуҷуми Чингизхон ба шаҳри Хуҷанд дарбар мегирад.

Ҳоким ва сипаҳсолори диловари Хуҷанд Мирмалик ибни Мирраҳмат, ки бо лақаби «Темурмалик» машҳур аст ва раққосаи дарбори Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ Нигина бинти Абдул Сайид, ки «кабӯтари ҳарам» лақаб дошту «ситораи тобони осмони Мовароуннаҳр» пазируфта шуда буд, қаҳрамонҳои асосии роман буда, ибтидою интиҳои ишқи поки онҳо ҳусни оғозу анҷоми ин достони сермоҷаро ва пурмӯҳтавост.
Шахсиятҳои номдори он айёми пурихтилоф Пирам Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ, шоирони маъруфи он замон Саъдии Шерозию Сайфуддини Исфарангӣ ва Зиёуддини Хуҷандӣ силсилаҷунбонҳои ин достони ошиқона ва орифона мебошанд.
Ҷоизи зикр аст, ки ба ифтихори таҷлили 830-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ маҷаллаи адабиву фарҳангии «Ганҷи Исфара» пораҳо аз романи нави адиби исфарангиро чун армуғони ҷашнӣ чоп кардааст.
Дар таҳрир ва такмили романи бузургҳаҷми таърихӣ раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ва сарвари Шӯрои уламои вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ, шоир Ҳоҷи Ҳусайн Мусозода саҳми назаррас гузоштаанд.
Қисмате аз романи таърихии устод Додохони Эгамзод «НИГИНА ВА МИРМАЛИК» дар соли 2018 lfh шумораи №5-и нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - маҷаллаи «Садои Шарқ» нашр шудааст.

 

Додохони Эгамзод

·

Бо лутфи Худованди бахшояндаю меҳрубон дар Рузи байналмилалии нависандагон ба каминаи камтарин туҳфаи басо гаронбаҳо такдим гардид: сарвари ҶММ "Хуросон " рафиқи гиромй Набиҷон Юлдошев нусхаи аввалини китоби тозанашри "Нигина ва Мирмалик " - ро ба муаллиф эҳдо намуд.

Теъдоди нашри романи мазкур ҳазор нусха буда, бо дастгирии Раиси вилояти Сугд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода чоп шудааст. Ба ин сарвари фарҳангпарвар сидқан ташаккур мегуям.

Ҳамзамон ба кулли бародарон ва ҳамкасбон, ки дар таҳияи романи таърихй саҳми назаррас доранд, бо самимияти хос изҳори сипос мекунам.

Рӯзи байналмилалии адибон ба ҳамагон муборак бошад!

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон