БА ЛАБАТ НОМИ ВАТАН ЧИСТ? ВАТАНРО, ОЗАР, БА ДИЛИ ХЕШ ВАТАН ДОДА, ВАТАН БОЯД ГУФТ

БОЯД ГУФТ

Шеър аз мадрасаи сабзи чаман бояд гуфт,

Ҳарф аз қоли гулу ҳоли суман бояд гуфт.

Чанд гўед ғами ҳосили гандум, мардум?

Сухан аз гиряи беҳосили ман бояд гуфт.

Ишқ бозист, агар нест гузаштан аз худ,

Боз, оре, сухан аз дору расан бояд гуфт.

Ман, ки аз рози сияҳпўшии хат огоҳам,

Мекунам гиря гар аз шеър сухан бояд гуфт.

Ба лабат номи ватан чист? Ватанро, Озар,

Ба дили хеш ватан дода, Ватан бояд гуфт.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон