Дар Тоҷикистон филмҳоро "қайчӣ" мекунанд. Ахлоқ ё сензура?

Саҳнае аз филми Ҷамшед Усмонов "Биҳишт фақат барои мурдагон аст"

Саҳнае аз филми Ҷамшед Усмонов "Биҳишт фақат барои мурдагон аст"

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ кардани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ "далели ахлоқӣ" дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад.

  • Телевизионҳои Тоҷикистон ҳар шаб филмҳои истеҳсоли Русияву Амрикоро намоиш медиҳанд. Дар гузашта ҷойи саҳнаҳои бӯсу канорро баъзан маводи таблиғотӣ пур мекард.
Менталитет мегӯем, аммо намебинем, ки ҷавонони мо дар кӯчаҳо бо чӣ забон муошират мекунанд? Менталитет мегӯем, аммо имрӯз раққосаҳои мо дар тӯйҳо чӣ гуна мерақсанд? Дар зиндагӣ бояд инҳоро тоза кунем, чаро дар филм онро қатъ мекунем?
Далери Имомалӣ

“Менталитет иҷоза намедиҳад”

Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров), раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯи ахлоқ ва менталитет наметавонем чунин саҳнаҳоро ба эфир роҳ диҳем." "Дар бораи ягон филми мушаххас гап намезанам. Аммо онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сохта шудаанд. Баъзан дар сурати пайдо шудани чизҳое, ки ба имиҷи давлати мо халал мерасонад ё ки зидди менталитети мардуми мост, вазифадор ҳастем роҳ надиҳем", - афзуд ӯ.

Тасмими манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор ва ишқварзӣ дар телевизионҳои давлатӣ дар оинномаи нави "Тоҷикфилм", ки миёнаҳои соли гузашта таҳия шуда буд, низ таъкид гардидааст. Ин оиннома аз тарафи ҳукумат тасдиқ шуда ва филмҳо бар асоси он ба бозор ва телевизионҳо роҳ меёбад.

Маҳмадсаид Шоҳиён
Маҳмадсаид Шоҳиён

Меъёри ахлоқӣ ё сензураи нав?

Тасмими Кумитаи телевизион ва радио дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст. Бархе аз тасмими мақомоти ҷонибдорӣ карда, гуруҳи дигар онро хилоф ба меъёрҳои як ҷомеаи демократӣ меноманд. Аммо ҳарду тараф ҳам таъкид мекунанд, ки “меъёри ахлоқӣ” набояд ба сензураи нав табдил ёбад.

Дилошӯб Орифзода, продюсери тоҷик, ки дар таҳияи чанд филм иштирок кардааст, рӯзи 7-уми феврал гуфт, тарафдори он аст, ки ҳангоми пахши филмҳо аз тариқи телевизион саҳнаҳои бӯсу канори онҳо бурида шавад. Аммо Орифзода гуфт, ин қайчӣ заданҳо бояд ҳад дошта бошад.

“Масалан, саҳнаҳое аст, ки дар онҷо бӯсу канор нест, вале навозиш ба ҳамсар ҳаст. Ин чиз филмро зиндатар нишон медиҳад. Дар филмҳои тоҷикӣ агар хоҳанд, ки як саҳнаи маҳрамонаро нишон диҳанд, ҳатман зану шаваҳар сари ҷойгаҳ суҳбат мекунанд. Ин гуна саҳнаҳо набояд бурида шаванд”, - гуфт продюсери ҷавон.

Дилошӯб Орифзода
Дилошӯб Орифзода

Дилошӯб Орифзода гуфт, агар “менталитет” меъёри интихоби филм дар телевизион аст, пас, беҳтар мебуд филмҳои бидуни саҳнаҳои ишқварзӣ барои пахш интихоб шавад.

“Як дари баста, сад дари кушода”

Дар ин миён кам нестанд, онҳое, ки иқдоми Кумитаи телевизион ва радиоро номуносиб барои як кишвари демократӣ мехонанд. Ин гуруҳ масъулони телевизионҳои давлатиро муттаҳам мекунанд, ки "дар фарқи ишқу фаҳш душворӣ мекашанд". Тарафдорони ин ақида мегӯянд, агар ҳадаф аз қайчӣ кардани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳо дар телевизион пешгирӣ аз тамошои ин саҳнаҳо бошад, пас дар чунин шароит он корсоз нахоҳад буд.

Далери Имомалӣ, коргардону ҳунарманд ва хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар ҳоле ки филм аз дигар тариқ, масалан Интернет, аллакай дастраси тамошобин шудааст, баъдан масъулини телевизионҳо мехоҳанд сокинон баъзе саҳнаҳои онро набинанд. Коргардони тоҷик гуфт, филм оинаи ҷомеа аст ва вақте дар ҳаёти воқеӣ чунин ҳолатҳо ҷой доранд, пас, чаро дар филм бурида шаванд?

“Менталитет мегӯем, аммо намебинем, ки ҷавонони мо дар кӯчаҳо бо чӣ забон муошират мекунанд? Менталитет мегӯем, аммо имрӯз раққосаҳои мо дар тӯйҳо чӣ гуна мерақсанд? Дар зиндагӣ бояд инҳоро тоза кунем, чаро дар филм онро қатъ мекунем?” - суол гузошт Далери Имомалӣ.

 

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

Масъалаи дигаре, ки ба қавли коргардони ҷавон дар ин ҳолат ба миён меояд, ҳаққи муаллифӣ аст, ки ба касе ҳақ намедиҳад бе иҷозаи таҳиякунандагон саҳнаҳои филмро қайчӣ занад.

Сокинони Тоҷикистон ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез дар филму намоишномаҳои театрӣ ҳассосанд. Дар бисёре аз хонаводаҳо тамошои саҳнаҳои ишқварзиро дар ҳузури кӯдакон ва фарзандон ҷоиз намедонанд. Вале тавре як мусоҳиби мо гуфт, ба ҳеҷ сурат масъулони телевизионҳо набояд ба худ ҳақ бидиҳанд, ки филмҳоро аз рӯи салоҳдиди худ қайчӣ зананд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон