АЛОВИДДИН АБДУЛЛОЕВ САРДОРИ РАЁСАТИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪЙИН ШУД

Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Аловиддин Абдуллоев сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ то кунун роҳбарии театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро бар ӯҳда дошт. Бурҳониддин Раҷабов, ки то кунун роҳбарии раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт, ба ҷои Аловиддин Абдуллоев роҳбари театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов таъйин шудааст.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев бо саҳначаҳои ҳаҷвиаш машҳур шудааст. Ӯ метавонад дар як саҳнача якбора чандин нақш – чӣ нақши зан ва чӣ нақши мардро иҷро кунад.

Аксари мухлисон ва аҳли ҳунар аз ин таъйин гарм истиқбол мекунанд. Аз ҷумла ҳунарманди шинохта Ҷаъфари Ҷалол таъйини Аловиддин Абдуллоев ба мақоми сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро чунин истиқбол кардааст: "Чӣ паёми пур аз шодиву нишот.
Аловуддини азизи мо,мудири бахши фарҳанги вилояти Хатлон таъин гардид,ки барои ҳамаи ҳамтаҳсилон,устодон ва дӯстон боиси ифтихор аст.
Комёбиҳои бузурги эҷоди бароят орзу дорем Товарищ Командир!

Аммо Сайёфи Мизроб менависад, беҳтар ин буд, ки барои ҳунармандони боистеъдоде, мисли Аловиддин Абдуллоев шароити эҷодӣ фароҳам меоварданд: "Ман ҷонибдор. Ин аввал! Аммооооооо ба эҷодкорон, ба вежа талантҳое чун Аловуддин вазифа надиҳед охир! Пул диҳед, ки эҷод кунанд... Дареғу воеееее....

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон