Посухи тунди Юлдуз Усмонова ба овозхони ришдарози узбак: то имрӯз дар куҷо будӣ?

Юлдуз Усманова

Юлдуз Усмонова дар посух ба як овозхони узбак мегӯяд, ки ӯ таронаи касеро надуздидааст ва 30 сол аст, ки дар саҳна асту касеро ҳам барои бозхонӣ кардани сурудҳояш муттаҳам намекунад. Аммо "ту дар куҷо будӣ?" мепурсад вай

ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова наворе сабт карда, дар он ба иттиҳомоти як овозхон посух гуфтааст.

Оҳангсози соиқ Санҷар Ҷавбердиев, ки ҳоло бо тахаллуси San Jay ҳунарнамоӣ мекардааст, Юлдуз Усмоноваро дар дуздидани ғаяи суруди "Қироличаман" (Малика ман) айбдор кардааст.

"Гуфтӣ, ки ғояи тарона аз ту буд? Не, на ғоя ва на шеъри тарона аз ту набуд. 30 сол мешавад, ки ман ҳунарманд ҳастам ва ба ҳар як мисраи таронаам худам посух мегӯям", - гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Усмонова, Ҷавбердиев ба воситаи муттаҳам кардани вай худро машҳур кардан мехоҳад.

Дар ҳамин ҳол ҳунарманд пурсон шудааст, ки агар San Joy ғояҳои аҷиб дошт, чаро то имрӯз ситора нашуд.

Юлдуз ҳамчунин риши дарози Ҷавбердиевро интиқод кардааст.

"Ман ӯро, ки риши дароз мондааст, нашинохтам. Ришгирӣ бо фоидаи ӯст. Намедонам "Узбекнаво" ба куҷо нигоҳ мекунад? Барои ҳунарманд ришмонӣ дуруст нест", - гуфтааст вай.

Ҳамчунин Усмонова гуфтааст, ки пеш аз касеро муттаҳам кардан, бояд каме андеша кард.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон