БУҲРОНИ АДАБИЁТ: ДУ МАҚОЛА АЗ АБДУҚОДИРИ РУСТАМ

Ду маъхази барангезандаи андеша ҳаст: Китоби Худо ва китобҳои бандагони Худо; Китоби Худо худ машмули китобҳоест, ки ба воситаи паямбаронаш фиристод ва низ Китоби Табиат, ки мустақиман, бидуни миёнҷӣ дода шуда….. На танҳо онҳое, ки китобҳои овардаи паямбарон, шарҳу тафсирҳои онҳоро мехонанд, балки онҳое низ ки Китоби Табиатро мутолиа мекунанд, Худошиносӣ мекунанд. Олиме, ки гиёҳҳоро меомӯзад, пажуҳандае, ки хусусиятҳои обро мутолиа мекунанд, муҳаққике, ки сагу гурбаро меомӯзад, ба ҳамин восита ваҷаб ва ваҷаб, қадам ба қадам ба самти шинохтани Худо ҳаракат мекунад, Худоро мешиносад; чунки оҳангарро бо табару доси сохтааш, дуредгарро бо дару тирезаи сохтааш, банноро бо иморати пӯшонидааш мешиносем….. Ва аз басо қорие, ки сураҳои Қуръонро аз ёд карда ва маънояшонро намефаҳмад, ботанике, ки вежагиҳое лолаю ҳолмону савсанро омӯхтааст, Худоро беҳтар шинохтааст….

 

Абдуқодири РУСТАМ

Бознашр аз саҳифаи адиб дар Фейсбук

 

Адабиёти тоҷик чандин сол аст, ки ба марҳалаи буҳрони амиқ ворид шудааст ва мутаассифона, ҳанӯз нишонаҳои бурун омадани он аз ин буҳрон низ зоҳир нашудаанд. Шаҳзодаи Самарқандӣ – аз нависандагони муваффақи мо дар ин даҳ соли охир дар силсиламақолаҳое талош кардааст, роҳҳои раҳоӣ аз ин бунбастро бозгӯ кунад, ки албатта, дар сурати ба марҳалаи иҷро гузоштанашон барои рушди адабиёти мо мусоидат хоҳанд кард.
Ва аммо бояд таъкид кард ва чунонки бону Шаҳзода низ ишораҳое кардааст, ин буҳрон бештар на ба худи адабиёт, балки ба заминаҳои рушди он рабт дорад. Ва ин заминаҳо, ба назари ман, асосан дуто ҳастанд: яке буҳрони китобхонӣ ё адами хонанда ва дувум корҳои созмондиҳӣ ва пуштибонӣ аз адабиёт…
Буҳрони китобхонӣ ё адами хонанда.
Ман қаблан ҳам гуфта будам ва ҳоло низ таъкид мекунам, ки барои рушди адабиёт бештар аз адиб (шоиру нависанда) хонанда таъсиргузор аст ва ҳоло мехоҳам ин маъниро шарҳу баст бидиҳам. Таъсири хонанда ба рушду тавсиаи адабиёт ба ду маъност: яке бармегардад ба мақулаи арзаю ниёз, адиб коло тавлид мекунад– агарчи ин коло маънавист, – ва бояд аз фуруши ин коло даромад касб бикунад; яъне, бозори адиб ҳар қадар бузургтар бошад, ҳар қадар хонанда бештар дошта бошад, ҳар қадар китоби нависандаро бештар бихаранд, ҳамон қадар адиб даромади бештар касб мекунад, аз фикри таъмини хонавода – хӯрондану пӯшондан ва дигар ниёзҳои аввалияи худ ва зану фарзандонаш фориғ мешавад, аз вобастагӣ ба давлат (ва натиҷатан аз идеологияи рӯз ) озод мешавад ва бо хотири ҷамъ ва осуда ба кори офаринандагии худ машғул мегардад. Дигар, хонанда бо хондани мунтазам ва муназзами адабиёти бадеӣ, чи адабиёти миллӣ ва чи ҷаҳонӣ завқи худро парвариш медиҳад, дар интихоби китоб барои хондан сахтгиру серталаб мешавад, ҳар гуна китобро намехарад ва нахоҳад хонд ва нависандаро ба рушди ҳунараш, ҳарчи бештар омӯхтан, ҷустан ва пайдо кардани сабк, шеваи навиштор ва василаҳои навтару тозатари тасвир, ки дигар барои хонандаи огоҳ ва хушмутолиа ва бозавқ такрорию обшуста нестанд, водор мекунад…. Албатта, ин нуктаро фаромӯш намекунем, ки шарти асосӣ дар муваффақияти ҳар халлоқи осори бадеӣ қариҳаи офаринандагӣ аст, ки он зотист, Худодод аст ( чунонки Ҳофиз мегӯяд «қабули хотиру лутфи сухан худодод аст»). Аммо агар заҳмати ҷусторҳо ва омӯзиш набошад, адиб метавонад қариҳаи Худодаро хор ва куфрони неъмат кунад. Ҳар қариҳае бидуни омӯзиш ва саъйу талоши инфиродии халлоқи осори бадеӣ метавонад хушк гардаду хазон шавад. Чунончи, агар деҳқон полезашро хишова накунад, алафҳои бегона пахш мекунандаш, агар об надиҳад, хушк мешавад ва ҳосиле намегирад.
Инак, адиби тоҷик, метавон гуфт, хонанда надорад; дар муддати даҳ соли охир теъдоди чопи китобҳои бадеии тоҷикӣ аз 1000 нусха то ба 300 ва 200 нусха тақлил пайдо кард. Адади чопи танҳо маҷаллаи адабии тоҷикӣ «Садои Шарқ» аз 35 ҳазори замони шӯравӣ (замоне ки Тоҷикистон 5 млн ҷамъият дошт) дар солҳои 2010 – 2017 ба 1000 нусха расид ва фақат ҳамин соли 2018 (ки ҷамъияти кишвар болиғ ба 9 млн. нафар аст) бо роҳи ворид кардани маҷалла ба феҳристи обунаи иҷборӣ теъдоди онро ба 2375 нусха расониданд. Бо он ки Тоҷикистон аз назари саронаи чопи китоб дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар миёни 15 ҷумҳурӣ дар ҷойи охир буд ва ман дар ин бора мақолае ба номи «Чаро тоҷик китоб намехонад» навишта, дар он баъзе сабабҳои ин амрро бозгӯ карда будам, вале ба ҳар сурат он замон китобҳои шеъри муосир аз 3000 то 10 000, китобҳои наср аз 5000 то 14 000 ҳазор ба чоп мерасиданд. Хатто китобе аз устод Айнӣ ба таъдоди 100 000 ва кит- обе аз устод Лоиқ ба теъдоди 50 000 низ чоп шуда буд. Яъне тафовут аз осмон то замин аст. Албатта, шояд даҳҳо нафар, ки ин сатрҳоро мехонанд, даҳон пур кардааанд, ки бигӯянд: он замон интернет набуд, ҳоло ҳар кас метавонад бо истифода аз интернет китоби мақбули худро пайдо бикунаду бихонад. Ҳадди ақал, худфиребӣ накунед… Ҳоло, аввалан, гумон намекунам, беш аз 20 дарсади мардуми Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ дошта бошанд ва сониян, мо бар хилофи миллатҳои муттамаддини дигар вебгоҳҳо, китобхонаҳои электроние, ки китобҳои тоҷикиро муъаррифӣ ва пешниҳод кунанд, тақрибан надорем… Дар кишварҳои мутамаддини урупоӣ ва осиёӣ, ки баландтарин суръати интернетро доранд ва дастрасӣ ба интернет низ ба маротиб густардатар ва арзонтар аст ва садҳою ҳазорҳо вебгоҳҳои китобҳои бадеӣ дар ихтиёри хонандагон қарор дорад, боз ҳам мардум фаровон китоби чопӣ мехаранд ва мехонанд. Зимнан бояд гуфт, 17 кишвари аз назари китобхонӣ аввали ҷаҳон ҳама кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ва осиёӣ (Жопун, Чин, Кураи Ҷанубӣ ) мебошанд, дар ин феҳрист хеч кишвари исломие, ҳатто Эрон ки аз назари чопи китоб дар байни кишварҳои исломӣ дар мақоми аввал аст, ворид нашудааст. Хушбахт хоҳам буд, агар иштибоҳ бикунам, аммо дар 80 дар сади хонаводаҳои тоҷик ба ҷуз китобҳои дарсии фарзандони донишомӯзашон ҳеч китоби дигаре ( на китобе бадеӣ, на донишномаю маълумотномаҳои мухталиф) пайдо намекунед. Ҳоло фақат хурсандӣ ва шавқ аст, ки бештарини нависандагони тоҷикро водор мекунад, асаре бинависанд. Ва бештарини онҳо китобҳояшонро ё бо пули талбида аз соҳибкорон ва ё бо пули худ – аз ҳисоби будҷаи хонаводаашон чоп мекунанд, қисман ҳадя мекунанд ва қисман мефурӯшанд, ки дар бештари маворид ҳатто ҳазинаҳояшонро талофӣ намекунад.

 

2. Корҳои созмондиҳӣ ва пуштибонӣ аз адабиёт.
Дар назарее сатҳӣ ва гузаро корҳои созмондиҳии адабиёт ва пуштибонӣ аз он дар кишщвари мо, гӯиё чандон бад ҳам нест. Тоҷикистон шояд аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки фаъолияти Иттифоқи нависандагон ва чопи нашрияҳои он аз будҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад. Муассисаи интишоротии «Адиб», ки ҳамасола даҳҳо номгӯй китобҳои адибони муосир ва классикию тарҷумавиро чоп мекунад ва ба муаллифон ҳаққи қалам ҳам пардохт мекунад, аз будҷа сармоягузорӣ мешавад. Аммо фаъолияти чи нашрияҳои адабӣ ва чи интишорот ба ҳадди лозим муассир нест. Аввалан, ҳаққи қалами ночизе доранд, ки тавонанд бо васвасаи пул муаллифонро ҷалб бикунанд ва сониян, ки боз бадтар аст, вобастагӣ ба давлат масъулини ин нашрияҳоро хеле камҷуръат кардааст. Ҳар чизеро, ки ба назарашон мерасад, каме ҳам бошад, ба болоиён хуш намеояд, чоп намекунанд ва чизҳое ки ба назарашон мерасад болоиён хуш надоранд, ҳамасола бештар мешавад. Ин аст, ки арсаро барои эҷодкорон хеле танг кардаанд ва худ дар бунбаст мондаанд ва илоҷе ҷуз ин надоранд, ки осори 50-60 сол қаблро чоп бикунанд. Дар сурате, ки вазифаи ин нашрияҳо оинаи ҷараёни адабии муосир будан аст…
Адиб бояд ду шохисаи муҳим дошта бошад: берун будан аз қолабҳо ва ҷасорати адабӣ, ки ин ҳарду пайванд бо ҳам ҳастанд. Вақте ки нависанда бо ҳадафи кори халлоқӣ паси миз менишинад ва аз он фикр мекунад, ки агар ин тур нависам, оё чоп мешавад ё не, ҳеч асари мондагоре наметавонад бинависад…. Ин мулоҳизакориҳо адибро боэҳтиёт ва тарсу мекунад… Ё, агар намехоҳад чунин бошад, маҷбур аст чизе нанависад…. Интишороти «Адиб» ҳам бо тавоноии молие, ки дорад, наметавонад китоби ҳамаро чоп бикунад, давлат ҳам шояд дар вазъи кунунии иқтисод наметавонад мабағи бештаре ҷудо бикунад. Дар ин вазъ ҳам хонандагон метавонанд бо харидани китоб ба фаъолияти густардатари интишорот мусоидат кунанд. Аммо, чунонки гуфтем, Тоҷикистон хонанда надорад, нависандааш, мутаассифона бештар аз хонанда аст.
Пас чӣ бояд кард, то вазъ тайир биёбад? Ва оё коре метавон кард, ё мо то абад ҳамин тур миллати безор аз китоб мемонем? Ба фикри ман, иқдомоти зайл беасар нахоҳанд буд:
Дар навбати аввал, бояд давлат муассисаҳои интишоротӣ ва чопхонаҳоро аз пардохти молиёт (андоз) озод бикунад ва ё ҳадди ақал ин молиётро тахфиф бидиҳад. Дар айни ҳол чопи китоб дар Тоҷикистон гаронтарин қимат дар Осиёи Миёнаро дорад. Чунончи, нархи чопи китоб дар Бишкек ду баробар арзонтар аз Душанбе аст.
Ташкили китобфурӯшиҳо дар навбати аввал дар ҳамаи марказҳои ноҳияҳои кишвар. Бояд гуфт, чанд сол қабл бо супориши раиси ҷумҳурӣ китобфурӯшиҳо тақрибан дар ҳамаи марказҳои ноҳияҳо кушода шуда буд, вале чунонки бар ҳасби маъмул, дар кишвари мо корро фақат барои гузориш додан мекунанд, баъд аз ироаи гузориш бештари ин фурӯшгоҳҳо ё баста шуданд, ё имрӯз фақат маводи таҳрир мефурӯшанду аз се-чор китоби чангзада бештар дар рафҳояшон надоранд. Бисёр хуб мешуд, барои китобфурӯшиҳо дар чанд соли аввал биноҳои давлатӣ ҷудо карда шуда, онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора маоф карда шаванд. Ҳамчунин бояд, масъулини ин китобфурӯшиҳо худ шахсони китобхонда ва китобдӯст бошанд, ва бояд пайваста китоби интишоротҳои мухталифро, ки асосан дар Душанбе ва Хуҷанд чоп мешаванд, дастрас карда, ба харидоронашон пешниҳод бикунанд.
Будҷаи харидории китоб барои китобхонаҳои тобеъи Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои мактабҳо афзоиш дода бишавад, то онҳо тавонанд мунтазам китобҳои навро харидорӣ бикунанд. Ҳамчунин тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ бояд ҳамасола ба нашрияҳои адабӣ («Садои Шарқ» ва «Адабиёт ва санъат») обуна бишаванд ва ин нашрияҳоро дар китобхона дошта бошанд. Агар, ҳамаи болиғ бар 3800 мактаби фаъол дар кишвар ду нусхаӣ аз нашрияҳои адабӣ дошта бошад, ҳам муаллимону донишомӯзон пайваста то ба ҳадде аз ҷараёни адабии кишвар огоҳ мешаванд ва ҳам ин нашрияҳо теъдоди чопи худро афзун карда, худкифо ва дар натиҷа дар амалкарди худ озодтар мешаванд. Мактабҳо метавонанд ба нашрияҳои адабӣ ба ивази нашрияҳои ҳизбӣ, ки танҳо мутааллиқ ба аъзои ҳизб аст, обуна бишаванд.
Зимни таъйин ба вазифаҳои давлатӣ – аз раиси Шӯрои деҳ сар карда то вазир бояд мизони китобхонии номзад ба вазифа ба назар гирифта шавад, масалан, кадом асарҳои Айнӣ, Улуғзода…… -ро хондаааст, охирин китоби бадеие, ки хондааст, чист ва ғайра ва ҳоказо. Агар шахси китобхонда ба вазифа таъйин шавад, мутмаинан ҷаҳонбиниаш васеътар, одамдӯстиаш бештар, масъулиятшиносиаш амиқтар хоҳад буд…. Ва низ ин амр, бештар аз ҳар амри дигаре ба теъдоди хонандагон хоҳад афзуд. Албатта, ин кор то ҳадде иҷборист, вале боис мешавад, ки иҷбори аввал баъдан ба одат табдил шавад…. Ва бароиТоҷикистон муассиртарин роҳи ҷалби мардум ба китобу китобхонӣ ҳамин аст.
Чунонки мебинем, ин ду замина ба ҳамдигар пайванди қавӣ доранд ва талош дар ин ду самт ниҳоятан ба рушди адабиёти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Ва аммо дар мақолаи дигар мавзуи чаро мардум бояд китоб хонандро матраҳ мекунем…..
Ҳоло инро бихонед ва мулоҳизоти хешро бинависед, то ман мақолаи дувумро низ бинависам….

 

 

 

Адабиёт шохае аз ҳунар аст. Аммо шохаи муҳимтарини ҳунар ва ба ҳамин далел аст, ки ин дуро тафкик кардаанд ва гуфтаанд: адабиёт ва ҳунар (санъат). Яке аз ҳунарҳоро, ки васила ва абзори офариданаш Сухан аст аз ҳама ҳунарҳои дигар – наққошӣ, пайкаратарошӣ, театр, синамо, овозхонӣ, рақс тамйиз кардаанд ва ин дуро баробари ҳам қарор додаанд ва хондаанд: адабиёт ва ҳунар. Ва ин ки дар ин таркиб адабиёт дар ҷойи аввал аст, бори дигар таъкид ва таъйиди аҳаммияти бештари адабиёт нисбат ба ҳунарҳои дигар дар ҷомеъаҳои инсонӣ аст.

Ҳунар ва хоссатан адабиёт, навъе аз ҷаҳоншиносист, ҷаҳоншиносии бадеъ ё зебоишинохтӣ. Мо чанд навъи ҷаҳоншиносӣ дорем: ҷаҳоншиносии динӣ, ҷаҳоншиносии илмӣ, ҷаҳоншиносии фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии ҳунарӣ ва ё худ зебоишинохтӣ....
Аз ин ҷаҳоншиносиҳо ҷаҳоншиносии динӣ ва ҳунарӣ махсуси хавосу авоми мардум ҳастанд ва ҷаҳоншиносии илмӣ ва фалсафӣ вежаи танҳо хавос.
Ҷаҳоншиносиҳои динӣ, илмӣ ва фалсафӣ инсонро танҳо ба як самт – ба як ҷоддаи мустақим ҳидоят мекунанд, ва балки бурун омадан аз ин ҷоддаро ё хиёнат унвон мекунанд, ё инҳироф, ё субъективизм…. Ҳамаи ин ҷаҳоншиносиҳо инсонро яксӯнигарӣ меомӯзанд ва фақат ҳунар аст, фақат адабиёт аст, ки ба инсон уфуқҳои гуногун ва тозаи дид медиҳад, ҷаҳонашро на танҳо умқ, балки паҳноӣ низ мебахшад; адабиёт ба инсон озодии интихоб медиҳад; адабиёт аст, ки инсонхоро на фасл, балки ба ҳам васл мекунад, дар ҳоле ки динҳо ва мактабҳои фалсафӣ бештар боиси нифоқу ихтилоф ушдааанд ва мешаванд. Осори классикони бузурги адаби форсӣ (масалан, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ) бар мабнои ақоид ва андешаҳои исломӣ офарида шудаанд, вале ин ашъор ба забонҳои мухталиф тарҷума шудаанд ва масеҳию яҳудӣ, зардуштию буддоӣ ва ломазҳабон низ бо шавқ мехонандашон ва лаззати маънавӣ мебаранд. Бисёре аз романҳои Толстой ва Достоевский (масалан, «Эҳё» ва «Бародарон Карамазов») дар заминаи ривоятҳо ва андешаҳои масеҳӣ ва маҳдудтар бар мабнои ақоиди мазҳабии ортодоксии русӣ (православӣ) таълиф шудаанд, аммо мусалмонону яҳудиён ва пайравони соири мазҳабҳо низ аз ин китобҳо баҳра мебаранд. Чунки адабиёт , пеш аз ҳама навъдӯстӣ, башардӯстӣ аст, адибони бузург аз андешаҳои динӣ нукотеро интихоб мекунанд, ки умумибашарӣ аст, ба ҳамаи инсонҳо тааллуқ дорад, ҳама инсонҳоро сарфи назар аз мазҳабу оин, вежагиҳои ҷуғрофиёӣ ва миллӣ, табақотӣ ба ҳам ҷазб мекунад, ҳамаро ба андешидан водор менамояд. Осори адабӣ, каломи бадеъ зеҳнҳои маҳсурро озод ва андешаҳои маҳдудро густариш мебахшад.
Агар бо иттико ба назарияҳои охирини герменевтика (илми тафсири матн) бигӯем, ҳатто нақши офаринандаи осори ҳунарӣ, муаллиф бо офаридани асараш ба охир мерасад, дигар хонанда аст ва матн дар баробари чашмон ва андешаи ӯ, ки чӣ бардоште аз он хоҳад дошт. Ба таъбири дигар, шинохти бадеӣ иҷборӣ нест, озод аст; ҳеч ҷаҳоншиносие барои озодии инсонҳо, андешаи озод мисли ҷаҳоншиносии ҳунарӣ ва ба вежа, адабӣ муҳим нест. Агар моҳияти инсон озоду вораста будан аст, пас хондани китоб, аз ҷумла ва бахусус китоби бадеӣ, барои одамтар шудани фарзандони Одам мусоидат мекунад. Чунонки гуфтам, адабиёти бадеӣ ба хонандааш озодии андеша ва озодии амал медиҳад, аммо озодие, дар канораш масъулият дорад, бо масъулият ёр аст; хонандаи ботаании адабиёти бадеӣ, ҳеч гоҳ ба ифроту тафрит дар андешаю амал роҳ нахоҳад дод. Ва ҳатто – Торих шоҳид аст– руҳоние, ки бо адаб сару кор дорад, шеър мехонаду шеър мегӯяд, иртиботаш бо Худо ва бандагони Худо комилан бо руҳоние, ки дар чаҳорчӯби мутуни динӣ маҳдуд ва маҳсур аст, мутафовит ҳаст. Худошиносӣ ва ҷаҳоншиносии ин ду нафар бо ҳамдигар фосилаи зиёд доранд. Намунаи руҳонии аввал имом Абуҳомиди Ғазолӣ аст ва дувумӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Ҳарду нобиғаанд, ҳар ду истеъдоди хориқулодае дар таҳқиқи робитаи Худо ва Инсон доранд; Ғазолӣ аз муаллимони Мавлоност, Мавлоно бисёр андеша ва орояшро аз китобҳои ӯ гирифтааст. Аммо, бо ин ҳол ҳам, ба мушоҳидаи дақиқи Абдулкарими Суруш, Худои Ғазолӣ одамро метарсонад ва Худои Мавлоно дӯст медорад ваг ар ин андешаро идома бидиҳем, Худои Ғазолӣ хоҷаи бераҳм аст ва Худои Мавлоно падари мушфиқ. Ва ё шайхи аҷалл Саъдиро бигирем, ки дар осораш ҳамеша аз лутфу караму атои Худо ҳарф мезанад, аз Худои раҳмону раҳим мегӯяд, на аз Худои ҷаббору қаҳҳор. Барои Саъдӣ меҳрубонии Худо авлавият дорад, на қаҳру ғазабаш….
Аз нигоҳи таъсир ба одамиён низ ҳеч кадоми ҷаҳоншиносиҳо таъсиреро ки адабиёт ба мағзу дили мардум мегузорад, надорад. Албатта, бештарин ва амиқтарин таъсирро ба одамиён таълимоти динӣ дорад; вале ин таъсир дигаргуна ва ба гунаи дигар аст, таъсири дин ба воситаи ду эҳсоси хеле амиқи фарзандони Одам: ҳирс ва тарс, ки дар адабиёти динӣ умеду бим унвон шудаанд, сурат мегирад (албатта, онҳое низ ҳастанд, ки ба ибораи Алӣ – чаҳорумини хулафои рошидин Худоро на аз бими дӯзах ва на ба умеди биҳишташ дӯст медоранд, дӯст доштанашон холӣ аз тамаъ аст, поку муназзаҳ аст, вале чунинҳо дар ҳама замонҳо андаке будаанд). Адабиёт ба ду чизе, ки Худо бандагонашонро бо доштани онҳо аз ҳама махлуқоти дигар мутамойиз кард, таъсир мегузорад, мағз, ки маншаъи тафаккуру андеша аст ва дил, ки махзани ишқ аст… Аз ин рӯст, ки аз замонҳои қадим бисёре аз руҳониён, олимон, файласуфон талош кардаанд, ақоиди мазҳабӣ,илмӣ ва фалсафии худо бо истифода аз васоил ва абзорҳои адабиёт: сухани бадеъ, вазну қофия, сувари хаёл (образ) таълиф ва ба шунавандагону хонандагони худ пешниҳод бикунанд. Орифони бузург шеър, суханони ҳикматомезро ба кор гирифтанд, то ба шумораи бештари мардум таъсир бигузоранд ва чун ишқ, ки васила ва абзори Худо ва ҳастишиносии орифон аст бо зебоӣ ба ҳам омехт, амиқтарин мазоминро бо баландтарин суханон суруданд.
Муҳимтарин чизе, ки Худо ба Одам ва фарзандонаш дод Ақл аст; ва ба ақидаи бархе аз муфассирон ҳамон амонате, ки Худо ба бандагонаш дод ва онро қабул карданд, ҳамин Ақл буд. Ва бо қабули Ақл одамӣ ба се кори бузург, ки аслу моҳияти инсон буданаш аст, мушарраф гардид: яке офаринандагист, ки муҳимтарин вежагии Худост, дигаре Сухан ва севум маърифати зоти Ӯ. Худо ақлро ва натиҷатан ин се маҳсули Ақлро, ки бо ҳам сахт пайванданд, дод, то бандагонаш онро ба кор гиранд; ба кор гирифтани Ақл, яъне шинохтан, тамйиз кардан аст, ки Ақл ин ҳамаро ба воситаи андешидан анҷом медиҳад… Ва аммо, чунонки баданро бо тамринҳои ҷисмонӣ обутоб надиҳед, хеле зуд заъиф мешавад, ақл низ бидуни тамрин, яъне андешидани пайваста коҳил мешавад, ва оҳиста-оҳиста содатарин гиреҳҳои зиндагиатонро наметавонад бозгушоӣ бикунад. Дар синфи панҷум ё шашуми мактаби миёна китоби Николай Носов «Нодонхӯҷа дар моҳ»-ро дар тарҷумаи Абдумалик Баҳорӣ хонда будам. Бисёр эпизодҳои ин китобро фаромӯш кардаам, аммо як эпизод ҳаргиз аз хотирам намеравад…. Бошандагони моҳ ба фарзандони сайёраи Замин, ки ба асораташон уфтода баданд, ҳамарӯза аз субҳ то шом филм нишон медоданд ва инон саргарми тамошои филм кӯтоҳтарин фурсат барои андешидан намеёфтанд ва оҳиста-оҳиста пашм мебароварданд, ки пашмашонро метарошиданду истифода мекарданд; яъне, моҳияти инсон будан андешидан аст (Ай бародар, ту ҳамин андешаӣ, мегӯяд Мавлоно) ва бидуни андеша ба гӯсфанд табдил меёбад. Ва аммо ду маъхази барангезандаи андеша ҳаст: Китоби Худо ва китобҳои бандагони Худо; Китоби Худо худ машмули китобҳоест, ки ба воситаи паямбаронаш фиристод ва низ Китоби Табиат, ки мустақиман, бидуни миёнҷӣ дода шуда….. На танҳо онҳое, ки китобҳои овардаи паямбарон, шарҳу тафсирҳои онҳоро мехонанд, балки онҳое низ ки Китоби Табиатро мутолиа мекунанд, Худошиносӣ мекунанд. Олиме, ки гиёҳҳоро меомӯзад, пажуҳандае, ки хусусиятҳои обро мутолиа мекунанд, муҳаққике, ки сагу гурбаро меомӯзад, ба ҳамин восита ваҷаб ва ваҷаб, қадам ба қадам ба самти шинохтани Худо ҳаракат мекунад, Худоро мешиносад; чунки оҳангарро бо табару доси сохтааш, дуредгарро бо дару тирезаи сохтааш, банноро бо иморати пӯшонидааш мешиносем….. Ва аз басо қорие, ки сураҳои Қуръонро аз ёд карда ва маънояшонро намефаҳмад, ботанике, ки вежагиҳое лолаю ҳолмону савсанро омӯхтааст, Худоро беҳтар шинохтааст…. Ва аммо, объекти тасвири адабиёт инсон, равобити инсон бо ҷомеа, табиат, Худо аст, яъне адабиёт инсонмеҳвар аст, дар маркази тасвири адабиёт инсон қарор дорад ва масоилу мушкилоте, ки дар ростои инсон ва ҷомеаи инсонӣ истода. Адибон ҷаҳони инсонро, зовияҳои ноаёни ботини инсонро таҳқиқ мекунанд; нависандагону шоирони бузург он қадар дар ин таҳқиқ амиқ мераванд ва онро ба мо менамоёнанд, ки дар шигифт мемонем, гоҳе метарсем ба ин ҳақиқат бинигарем. Ва чун ин осорро мехонем, мақоми инсонро дар Кайҳон ва Кайҳони ҳастии инсонро, ки низ беҳудуд аст, беҳтару жарфтар мутолиа мекунем. Ва худро беҳтар мешиносем. Ва агар, қоил бошем, ки Худо Одамро шабеҳи худ офарид ва халқи Инсон мақсади ниҳоии Худо аз офариниш буд ва инсон, воқеан ашрафи махлуқот аст, пас аз тариқи хондани осори бадеӣ на фақат Инсон, ки Офаридгори ӯро низ хубтар ва жарфтар мешиносем ва дарёфти саодати дорайнро наздиктар мекунем.
Ва аммо, китоб хондан ба тақвияти ҳувияти миллии тоҷикӣ низ мусоидат мекунад. Китоби бадеӣ, китоби бадеие, ки сӯйи муаллифи тоҷик нигошта шуда ва ба забони тоҷикӣ аст, аз як сӯ барои амиқтар фаро гирифтани ҷаҳони маънавии халқ ва таърихи гузашта ва аз сӯйи дигар барои беҳтар омӯхтани забонит модарӣ ёрӣ мерасонад. Шояд бештари мо таваҷҷуҳ карда, ки бештарини тоҷикон аз деҳқон то академик ба забони модарӣ наметавонанд озод суҳбат бикунанд. Ин амр метавонад ба чанд омил марбут бошад: ё гӯянда аслан фикри казоие надорад, ки баён бикунад, ё ба забони ғайр (аксаран русӣ) фикр мекунад ва барои баёни он ба забони модариаш душворӣ мекашад. Ё забонро ба дурустӣ намедонад ва чун андеша бо забон пайванди ногусастанӣ дорад, наметавонад фикрашро танзим ва баён бикунад….. Ва баёнаш иборат мешавад аз а-а-а ва вай вайгӯӣ. Фард ҳар қадар китоб бештар бихонад, он қадар бештар сухандон ва наттоқ мешавад, бидуни душворӣ метавонад фикрҳояшро силсила бандад ва ба шунавандагон бирасонад. Пас барои кормандони давлат, ба хусус онҳое, ки мустақиман бо мардум сару кор доранд, пайваста китоб хондан бояд аз вазоифи ҳамарӯзаашон бошад. Мубаллиғони сиёсати давлатии зидди терроризму ифротгароӣ низ китобхонда бошанд ва забони модариашро хуб бидонанд, суханонашон бештар коргар мешавад, ба дурӯғ гуфтанашон ҳоҷат намемонад, метавонанд бо неруи сухан, сухани рост, албатта, мухотабонашонро мутақоид ба гуфтаҳояшон кунанд.
Ва чун – агарчи мухтасар– дар бораи моҳият ва аҳаммияти хондани китоб гуфтем; ва –гарчи кӯтоҳ – ба суоли «чаро бояд китоб бихонем?» посух додем; ва чашми он дорем, ки ҳадди ақал гуруҳи кӯчаке аз онҳоеро, ки мегуфтанд «хондагиҳо чӣ шуданд, ки мо шавем» ва ба ин восита танбалӣ ва гурезу парҳези худ аз китобро тавҷеҳ мекарданд, қонеъ карда бошем, суоли дигар матраҳ мешавад, ки чӣ гуна, бо чӣ роҳҳое метавон мардумро ба китоб ҷалб кард? Дар мақолаи аввал, баъзе посухҳоро дар ин бора дода будем. Ва афзун бар онҳо иқдомоти зайл низ метавонад муассир бошад:
– Адабиёт ба ақлу шуур ва дилу эҳсостоти мо таъсир мегузорад, вале чун мардуми шарқ, ба хусус тоҷик мардуми эҳсосотианд ба инҳо дар мароҳили аввал бояд бештар осореро пешниҳод кард, ки ба эҳсосу отифа таъсир мегузоранд, ин амрро филмсозони ҳинду хеле хуб медонистанд ва ҷаҳони шарқро тасхир карда буданд. Бинобар, ин бояд дар навбати аввал намунаҳои беҳтарини осори отифӣ, масалан романҳои Эрих Мария Ремарк, Эрик-Эммануэл Шмитт, Холид Хусайнӣ ва монданди инҳоро тарҷума ва пешниҳод бояд кард. Ҳамчунин романҳои саргузаштӣ, ҷиноятковӣ, фантастикиро. Хондани ин осор қисме аз хонандагонро ба хондани адабиёти ҷиддӣ ва хирадгароёна низ роҳнамун хоҳад шуд.
–Барқарории таълифи иншо бар асоси осори адибон ба унвони имтиҳони қабули донишгоҳҳо.
– Фурӯши ҳамзамони китобҳои нави адибон дар ҳама китобфурӯшиҳои кишвар ва қабл аз он пахши огаҳиҳои густарда дар расонаҳо.
– Даъвати адибони машҳур ба китобфурӯшиҳо барои додани соядаст ба харидорони китобашон.
– Барқарори мулоқоти адибон бо хонандагон, мизи гирдҳо ва баҳсҳои баррасии китоб ё китобҳои нависандае ва ё гурӯҳи нависандагон бо ширкати мунтақидони адабӣ ва адабиётшиносон, чунонки дар замони шӯравӣ буд.
– Дигаргун кардани шеваи баргузории намоишгоҳҳои китоб; ба муносибати намоишгоҳ чоп кардани китобҳои нав. Яъне, бояд на камтар аз 50 дарсади китобҳое, ки ба намоиш гузошта мешаванд, бояд китобҳои тоза ба чоп расида бошанд.
– Ва муҳимтарин амр дар ин роҳ, дубора баланд бардоштани эътибори адибу адабиёт аст….
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тайи ду соли гузашта бо ташкили комиссион беш аз 40 нафарро, ки гуфта шуд, ҷанбаҳои ҳунарии осорашон дар сатҳи лозим набудааст, аз узвияти ин иттифоқ хориҷ кард. Ба фикри ман, ба чандин далел ин кор бояд сурат намегирифт….. Вале чун шуд шуд… Сухан дар ин боб дигар суде надорад… Муҳимтар ин аст, ки Иттифоқи нависанадгон бояд бикӯшад, минбаъд шахсони камҳунар ва китобнахода ба сафҳояш роҳ наёбанд; дигар ба адибони камҳунартару носазовор ҷоизаҳои адабӣ ва унвонҳои давлатӣ дода нашаванд, ва дар ин ҳол адибони ҳунарманду соҳибазвқ (масалан, Баҳманёр ва Сиёвуш) қадр бишаванд. Ва адибонро барои таълифи китобҳое, ки дарди мардумро мегӯянд, ташвиқ бикунад…….

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон