расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » ВИДЕО: МУСОДИРАИ 20 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ ДАР ДАШТИ МИРЗОЧӮЛ ДАР РОҲ БА ТОҶИКИСТОН

Ҳаводис / Ҷаҳон

ВИДЕО: МУСОДИРАИ 20 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ҚАЛБАКӢ ДАР ДАШТИ МИРЗОЧӮЛ ДАР РОҲ БА ТОҶИКИСТОН

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар вилояти Сирдарё дар як посгоҳ дар даромади шаҳри Ширин дар минтақаи Мирзочӯл («Дашти Гушна») аз махфигоҳе дар сақфи як мошини тамғаи «Nexia», ки аз Бекобод ба сӯи вилояти Сурхондарё мерафт, 20 ҳазор доллари қалбакиро пайдо кардаанд. Маълум шуд, ки ин пулҳоро дар сақфи мошин ду мусофир – зодаи ноҳияи Хавос Қурбоналӣ Хӯҷамуродов, с.т. 1982 ва зодаи ноҳияи Боявут Тоҳирҷон Ширинов, с.т. низ 1982 , пинҳон кардаанд.
ар ҷараёни бозпурсии муқаддамотӣ, Ширинов ва Хӯҷамуродов эътироф кардаанд, ки тибқи маслиҳати пешакӣ, 200 адад пулҳои саддолларии қалбакиро, ки дар принтери ранга чоп карда шудаанд, бо қимати 8 ҳазор доллар аз ошноҳои худ дар Қирғизистон харида, нақша доштанд, ки бо нархи 10 ҳазор доллар ба ошноҳои худ дар Тоҷикистон бифурӯшанд.

Нисбат ба ин ду нафар бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.