НАХУСТИН ОВОЗХОН АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ “СИТОРАИ АФҒОН” (ВИДЕО)

Дар нахустин барномаи мавсими инак 14-уми озмуни «Ситораи афғон» дар телевизиони «Тулӯъ» бори нахуст як овозхон аз Тоҷикистон иштирок кард. Фирӯзи Фозил бо таронаи «Маҳпарӣ», ки бо гитор иҷро кард, ҳайъати ҳакамонро ба ваҷд овард ва ҳарсе довар - се овозхони машҳури афғон – Қайс Улфат, Саидо Гул Мино ва Мир Мафтун – ба овозхони тоҷикистонӣ корти "бале” доданд.

Фирӯзи Фозил нахустин ҳунарманд аз Тоҷикистон аст, ки дар озмуни «Ситораи афғон» дар телевизиони «Тулӯъ» иштирок мекунад. Барномаи аввали мавсими инак чордаҳуми «Ситораи афғон» ду рӯз пеш нашр шуд.

Фирӯзи Фозил дар «Ситора афғон» гуфт, ки ӯ зодаи вилояти Бадахшон буда, аз соли 2008 дар арсаи мусиқӣ фаъолият дорад ва ибтидо овозхонӣ мекард, вале солҳои охир бештар ба бастакорӣ (аранжировка) таваҷҷуҳ дорад.

Фирӯзи Фозил гуфт, муҳим барояш дар ин озмун баранда шудан нест, балки мехоҳад ҳунари худро муаррифӣ кунад ва шонсашро биозмояд.

Овозхони тоҷикистонӣ бо гитор дар ин озмун таронаи "Маҳпарӣ”-ро иҷро кард:

Ай Маҳпарӣ, ай Маҳпарӣ,

Болои кӯҳ чун шаҳпарӣ,

Охир зи ман бо як назар

Дил мебарӣ, дил мебарӣ.

 

Дар нигоҳат ишқ бозӣ мекунад,

Гӯё маро дилнавозӣ мекунад.

Ишқ маро ба ту ошиқ мекунад,

Дуои маро аз ту розӣ мекунад,

Ай бехабар, ай бехабар,

Аз ҳоли ман дорӣ хабар?

 

Хондани ин меҳмон аз Тоҷикистонро ҳайъати ҳакамон, ки имсол иборат аз се овозхони машҳури афғон – Қайс Улфат, Саидо Гул Мино ва Мир Мафтун аст, хеле хуш пазируфтанд

Қайс Улфат гуфт: "Офарин! Бисёр мақбул хондед. Оҳанги бисёр мақбул ва овози бисёр мулоиму маззадор. Оҳангро ҳам хуб нигоҳ кардед ва дар зимн бисёр маззадориҳои хуб ҳам дошт. Бо онки мо аввалин бор ин оҳангро мешунавем, бисёр коннект кардемаш. Ва ин муваффақияти овозхон аст, ки чӣ қадар метавонад шунавандаи худро беқарор кунад. Дигар аз тарафи ман "бале” аст, чаро не?”

Саидо Гул Мино: "Эҳсосаш фавқулодда буд. Ман бояд як корт бароят бидиҳам!”

Мир Мафтун: "Аз Тоҷикистон ҳастед ва айни овози Садриддинро мекашед, не? Бисёр хуб буд. Аз тарафи ман ҳам "бале!”

Ба ҳамин тартиб, Фирӯзи Фозил аз тарафи ҳар се довар корти "бале” ба даст овард ва ба даври баъдии озмуни "Ситораи афғон” роҳ ёфт.

Озмуни "Ситораи афғон” дар телевизиони "Тулӯъ” имсол бори 14-ум доир карда мешавад. Ҷои аввал дар мавсими 13-уми "Ситораи афғон” насиби Мустафо Ҳунарҷӯ, як овозхони ҷавон аз вилояти Балх шуд. "Ситораи афғон” ҳар сол дар иди Наврӯз ҷамъбаст карда мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон