ЧАРХАИ НУР

ОЗАР

Чархаи Роғун, ки мечархад,
Аз танинаш номи миллат мекашад қад,
Боз болотар,
Мешавад бар чарх наздик.

Чарх мегардад сари чарх
Аз чунин чархидани иқболи Тоҷик.

Роғун аз "роғ” аст,
Яъне решааш дар рӯшноӣ мезанад чарх.
Ҳар кӣ андешад чунин,
Андешааш дар рӯшноӣ мезанад чарх.

Чарх зан, эй чархаи иқболи миллат,
То бичархад дар лаби мо
Вожахои нусратафрӯзи "Ирода”,
"Коргар”,
"Ҳамбастагӣ”
"Ҳиммат”!

Чарх зан, эй чархаи нур,
Чарх зан, то дар самои мо занад чарх
Нуркафтарҳои Роғун!

Чарх зан, чархиданат бодо ҳумоюн!

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон