МОШИНҲОИ СИТОРАҲОИ ТОҶИК: АЗ “ОПЕЛ”-И АКАИ ҚАДАМ ТО “ҶИП”-ҲОИ ШАБНАМУ ЗУ-ЗУ (ВИДЕО)

Дар як канали Ютуб мошинҳои ситораҳои эстрада тоҷикро таҳқиқ кардаанд, ки кадом ситора бо кадом тамғаи мошин мегардад. Маълум шуд, Қадами Қурбон мисли мардум савори "Опел -Караван” аст, вале ситораҳои дигар аксар "ҷип”-савор будаанд. Аз ҷумла Шабнами Сурайё зери пояш "Тойота Ленд Крузер 200”, Зу-Зу - "Рейнҷ Ровер Спорт”, Фирӯза Ҳафизова - "Рейнҷ Ровер”-и қаблан сурху ҳоло сафед доштаанду Меҳринигор "Порше Кайен”. Аммо Ҷонибеки Мурод, ки қаблан "Мерседес” дошт, ҳоло савори "БМВ” будааст.

Канали Toj Dor, ки қаблан нархномаи ситораҳои тоҷик барои хидмат дар тӯйҳои мардумро нашр карда буд, ин дафъа ба мавзӯи мошинҳои ин ситораҳо рӯ овардааст.

Таҳқиқи ин канал маълум кардааст, ки "халқӣ”-тарин овозхони муосири тоҷик Қадами Қурбон, ки аз машҳуртарин овозхонҳои тӯйгард дар кишвар дониста мешавад, мақоми "овозхони халқӣ”-ро ҳалол карда, мисли аксари мардум мошини "Опел” доштааст, "Опел-Караван”.

Аммо аксари овозхонҳо зиндагии пуршукӯҳтар ва барои ин мошинҳои пурдабдабатарро меписандидаанд.

Ровии барнома аз Фирӯза Ҳафизова, як овозхони тоҷики дар Инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол мисол меорад, ки аксҳояш бо мошинашро низ дар Интернет зиёд мегузорад. Фирӯза Ҳафизова, тавре бармеояд, ошиқи мошини навъи "ҷип” ва мушаххасан "ҷип”-и тамғаи "Рейнҷ Ровер” будааст. Ӯ қаблан бо "Рейнҷ Ровер”-и рангаш сурх акс мегирифт ва ҳоло, тавре аз аксҳои наваш бармеояд, ин мошини сурхро бо сафед иваз кардааст, вале мошини сафедаш низ сохтаи ширкати "Рейнҷ Ровер” будааст.

Зулайхо Мамадшоева, ки бо тахаллуси Зу-Зу ном баровардааст, низ шефтаи "Рейнҷ Ровер” будааст, вале "Рейнҷ Ровер Спорт”-и сохти соли 2012. Аммо ровии барнома мегӯяд, ки Зу-Зу мошинҳояшро хеле зуд иваз мекунад.

Аммо аспи саманди Меҳринигори Рустам аз "аспхона”-и ширкати машҳури "Порше” аст. Ин ситораи ҷавони эстрадаи тоҷик чанд сол боз "ҷип”-и тамғаи "Порше Кайен”-и сохти соли 2010-ро саворӣ мекунад. Нархи ин мошинро ровии канали Toj Dor390 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

Аммо мошини Шабнами Сурайёро ровии барнома 550 ҳазор сомонӣ "нарх” мекунад. Шабнам, ба гуфтаи ӯ, мошинҳояшро "мисли носки” иваз мекунад ва ҳоло савори мошини "ҷип”-и тамғаи "Тойота Ленд Крузер 200” будааст.

Вале гаронбаҳотарин мошинро аз байни ситораҳои тоҷик Ҷонибеки Мурод доштааст. Канали Toj Dorнархи мошини "БМВ”-и Ҷонибекро 670 ҳазор сомонӣ баровард мекунад. Ҷонибек, ба гуфтаи ӯ, қаблан бо "Мерседес” мегашт, вале ҳоло ба "БМВ” гузаштааст.

 

 

Канали Toj Dor асосан ба тартиб додани рейтингҳои ситораҳои эстрадаи тоҷик машғул аст. Ин канал чанде пеш нархномаи ситораҳои тоҷик барои хидмат дар тӯйҳои мардумро нашр кард.

Бар асоси он нархнома, нархи хидмати Қадами Қурбон, яке аз машҳуртарин овозхонҳои тӯйгарди Тоҷикистон 3000 сомонӣ (бо пистолет) ва 2000 сомонӣ бидуни пистолет будааст. Қадами Қурбон дӯст медорад, ҳангоми ҳунарнамоӣ дар маъракаҳо аз туфангчааш ягон тир холӣ кунад. Албатта, тири ҷангӣ не, балки "холостой.”

Фарзонаи Хуршед, ба гуфтаи ровии Toj Dor, барои хидмат дар як тӯй аз 2 ҳазор то 3 ҳазор доллар мегирад, ки боз ҳам ба гуфтаи ровӣ, на ҳар кас тавонашро дорад.

Мино, ки бо таронаи "Бачаи дарвозӣ” шӯҳрат ёфт, барои як тӯй аз 500 то 1500 доллар мегирифтааст.

Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов, вақтҳои охир дар Украина кору зиндагӣ мекунад, вале ҳар сари чанд вақт ба Ватан баргашта, дар консертҳо ва ҳамчунин дар тӯю сӯри мардум хидмат мекунад. Нархи як тӯйгузаронии Ҷонибек Муродов, ба гуфтаи ровии барномаи Toj Dor, аз 3 ҳазор то 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Зулайхо Мамадшоева, ки бо тахаллуси Зу-Зу машҳур аст, яке аз қавитарин хонандагони таронаҳои тӯёна шинохта шудааст. Ровӣ мегӯяд, Зулайхо метавонад тӯйро бо як ҷазбу бо як дабдаба гузаронад. Нархи Зу-Зу барои як тӯй аз 1800 доллар оғоз ёфта, то 2500 доллар будааст.

Фирӯза Ҳафизаро ровии барнома пургуноҳтарин ва пурмоҷаротарин сарояндаи тоҷик дар Интернет ном бурда мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама сарусадоҳо дар тӯю сӯри мардум аз таҳти дил хидмат мекунад ва нархи хидматашро аз рӯи инсоф вобаста ба имконоти тӯйдор мегузорад. Аз 1500 то 2000 доллар – чунин будааст нархи Фирӯза Ҳафизова барои гузарондани як тӯй, вале барои онҳое ки шароиташон намерасад, ӯ нархашро аз 1000 доллар низ пойин меовардааст.

Фирӯза Ҳафизова ҳунарнамоияш дар тӯйҳоро ҳамеша дар саҳифааш дар Инстаграм мегузорад ва ҳатто видеое ҳам дорад, ки бастаҳои зиёди пули дасташро ҳисоб карда, аз мардум мепурсад: "Ҳой мардум, дар Конор хобаш кунам ё дар Ҳабиб? Ку бигӯед?”

Ва аммо Шабнами Сурайё, ки ровӣ ӯро яке аз беҳтарин ва дӯстдоштатарин аз овозхонҳои тоҷик номаш мебарад ва мегӯяд, "на ҳар нафар метавонад Шабнами Сурайёро ба тӯяш даъват кунад, зеро нархи даъвати Шабнами Сурайё аз 3 ҳазор то 7 ҳазор долларро ташкил медиҳад.”

 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон