Ораш дар Узбекистон 25 ҳазор доллар ҷарима шуд

Додгоҳе дар Узбекистон ба баҳси як ширкати продюсерии Тошканд бо хонандаи маъруфи эронии муқими Шветсия Ораш нуқта гузошт. Бар асоси қарори Додгоҳи иқтисодии вилояти Тошканд «Extensive Music Sweden AB», ки аз манфиатҳои Ораш ҳимоят мекунад, ба пардохти тақрибан 25 ҳазор доллар ҷарима муваззаф шудааст.

Дар Узбекистон «Extensive Music Sweden AB»-ро барои нақзи созишнома бо ширкати Nigora Media Group айбдор кардаанд. Қарори додгоҳ тобистони имсол содир шуда ва нусхааш танҳо рӯзи 23-юми октябр дастраси бахши узбекии Радиои Озодӣ гардид. Мақомот мегӯянд, ин миқдор пул ба ҳисоби ширкати Nigora Media Group гузаронда хоҳад шуд.

Ораш, овозхони маъруфи эронии муқими Шветсия дар байни мардуми Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон обрӯ ва мухлисони зиёд дорад.

Нигора Соим, мудири ширкати Нигора Медиа Групп иддао дорад, ки дар пайи баргузор нашудани консерти Ораш дар шаҳри Тошканд 50 ҳазор доллар зарар дидааст. Вай қаблан дар муроҷиаташ ба додгоҳ беш аз ҳафтод ҳазор доллар ҷуброн хоста буд. Қарор буд, консерти Ораш рӯзи 13-уми октябр дар толори «Истиқлол», бузургтарин толори консертии Тошканд баргузор шавад, ки 6 ҳазор ҷойи нишаст дорад. Қимати ҳар билети консерт аз 60 то 250 доллар буд.

Нигора Соим рӯзи 23-юми октябр дар сӯҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, «ман ба Ораш 50 дарсади ҳаққашро пешпардохт карда будам ва ҳуҷҷатҳои бонк дар дастам ҳаст. Аъзои 11 ҷамоату деҳотро низ ба консерт даъват карда будем ва билеташон дар инҷост. Аммо Ораш наомад ва консерт лағв гардид. Пули билети ҳазорҳо тамошобинро баргардондем. 50 ҳазор доллар зиён дидем. Ин зарарро аз тариқи додгоҳ аз Ораш меситонем. Аз соли 2017 то кунун 11 ҷаласаи додгоҳ баргузор шудааст. Додгоҳи олӣ низ дар ин замина изҳор назар кард.»

Нигора Соим иддао дорад, ки матни ҳукми додгоҳ ба забони англисӣ тарҷума ба Ораш фиристода шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, Ораш ин ҳукмҳоро инкор мекунад.

Консетри Ораш. Акс аз бойгонӣ.
Консетри Ораш. Акс аз бойгонӣ.

Намояндаи ширкате, ки аз манфиатҳои Ораш ҳимоят мекунад, то ба ҳол қазияро шарҳ надодааст. Аммо моҳи ноябри соли гузашта Ҳенрик Улман, масъули консертҳои Ораш, ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати «Нигора Медиа Груп», ки Орашро ба Тошканд даъват карда буд, бар тибқи ваъдаҳояш рафтор накард ва онҳо маҷбур шуданд, консертро лағв намоянд.

Нигора Соим мегӯяд, барои ҳалли масъала ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон муроҷиат кардааст. Ӯ гуфт, «аснод ба сафорати Узбекистон дар Олмон фиристода шуд». Аммо дар сафорати Узбекистон дар Олмон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз ҳуҷҷат дастрас нашудааст.

Ба ҳар ҳол, ҳоло масъалае, ки ҳалношуда боқӣ мондааст, шеваи иҷрои ҳукми додгоҳи Узбекистон аст. Чунки ҳукм дар Узбекистон содир шуд ва худи Ораш ва ширкате, ки аз манфиати ӯ ҳимоят мекунад, дар Шветсия қарор доранд.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Узбекистон гуфт, онҳо тавассути Вазорати умури хориҷии Узбекистон ба Вазорати адлияи Шветсия расман муроҷиат хоҳанд кард.

Ораш, овозхони маъруфи эронии муқими Шветсия дар байни мардуми Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон обрӯ ва мухлисони зиёд дорад. Ӯ соли 2007 ба Тоҷикистон омад ва консерташ бе моҷаро набуд. Ба сабаби таъхири мусиқинавозони ӯ ва баргузор нашудани консерт дар рӯзи муқарраршуда, гурӯҳе аз ҷавонон дар хиёбони наздик ба майдони марказии футболи шаҳри Душанбе мошинеро оташ заданд ва истгоҳҳои автобусро шикастанд.

Барои ин бетартибӣ чанд нафар ҷазо гирифтанд. Консерти Ораш рӯзе баъд бо ҳузури 20 ҳазор нафар дар майдони марказии футбол баргузор шуд. Консерти дуввумаш дар шаҳри Кулоб сурат гирифта буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон