ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ВА МАҚОМИ НАВИ “МИХАИЛ КОЖУХОВИ ТОҶИК”

Дар сохторҳои зертобеи вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҷумла Убайдулло Иброҳимзода муовини аввали мудири Иттиҳодияи гуруҳҳои эҷодию консертӣ, Баҳром Тошев роҳбари эҷодии ин иттиҳодия ва Нуралӣ Шоев муовини аввали мудири Филармонияи давлатӣ таъйин шудаанд. Нуралӣ Шоевро, ки зиндагӣ дар Амрикоро канор гузашта, ба Ватан баргаштааст, барои силсилаи барномаҳои телевизиониаш аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон "Михаил Кожухови тоҷик” меноманд.

Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 18 октябр бо ҳадафи "беҳтар намудан ва баланд бардоштани сатҳи касбият дар муассисаҳои фарҳангии кишвар” бо фармони вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар муассисаҳои зертобеи вазорати фарҳанг чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла:

1.Иброҳимзода Убайдулло Усмонхоҷаев ба вазифаи Муовини якуми директори "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ"
2. Шоев Нуралӣ ба вазифаи Муовини якуми директори "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев"
3. Тошев Баҳром Муродалиевич ба вазифаи Роҳбари бадеии "Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ" таъин гардиданд.

 

НУРАЛӢ ШОЕВ – МИХАИЛ КОЖУХОВИ ТОҶИК

Нуралӣ Шоев яке аз сарсупурдагон ва патриотҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчивай дар шаҳри Ню-Йорки ИМА соҳиби хонаву ҳавлии шахсӣ ва маоши баланд буд, аммодурӣ аз Тоҷикистон лаҳзае ӯро ором намегузошт ва оқибат ҳамаи он ҷоҳу ҷалолропартофта, ба оғӯши ватани азизаш баргашт.

 

 

Қиёмиддин САТТОРӢ

 

Нуралӣ Шоев дастпарвари шуъбаи актёри театр ва синамои Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, пас хатми донишкадаи мазкур соли 1983 фаъолияти эҷодии худро ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи "Маданияти Тоҷикистон" (баъдан ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат") оғоз намудааст. Соли 1996 ба бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Ню-Йорки ИМА шомил шуда, онро соли 1998 бо тахассуси сиёсат ва дипломатия хатм намуд.
Солҳои 2004–2006 чун хабарнигори ғайриштатии Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, ҳамзамон, дар ширкатҳои бузурги телевизионии Амрико таҷрибаомӯзӣ намудааст ва забони англисиро дар сатҳи баланд азхуд намудааст. Нуралӣ Шоев дар бораи таърихи тоҷикони ИМА дар матбуоти даврӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ мақолаҳо таълиф намудааст.
Яке аз муассисон ва бунёдгузарони Ҷамъияти тоҷикони ИМА таҳти унвони "Тоҷикон ва дӯстони Тоҷикистон" ба шумор меравад, аз соли 1997 то соли 2005 роҳбарии ин созмони ҷамъиятиро ба зимма дошт ва дар муаррифии тамаддун ва адабиёти тоҷикон ва форсизабонон дар кишвари Амрико саҳми шоиста гузоштааст.

Яке аз сарсупурдагон ва патриотҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчи вай дар шаҳри Ню-Йорки ИМА соҳиби хонаву ҳавлии шахсӣ ва маоши баланд буд, аммо дурӣ аз Тоҷикистон лаҳзае ӯро ором намегузошт ва оқибат ҳамаи он ҷоҳу ҷалолро партофта, ба оғӯши ватани азизаш баргашт. Дар Тоҷикистон аз соли 2006 то 2009 ҳамчун муаллиф ва барандаи барномаҳои "Тоҷикистон хонаи ман” дар телевизиони "Сафина", "Сайри олам”, "Сайри меҳан”, "Нобиғаҳои миллат” ва ғайра дар Шабакаи якуми ТВТ фаъолият намуда, дар байни тамошобинони кишварамон маъруфият пайдо намуд.

Мавсуф журналистикаи телевизионии ҷаҳонгардиро дар шабакаҳои кишварамон поягузорӣ намудааст. Аз ҳамин ҷост, ки вайро "Михаил Кожухови тоҷик" меноманд.Мутаассифона, дар соли "Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар телевизионҳои Тоҷикистон ҷойи Нуралӣ Шоев ба ҳайси муаррифгари тамаддун ва фарҳанги тоҷик холист.
Нуралӣ Шоев асосгузори матбуоти даврӣ ба забони англисӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ соли 2009 рӯзномаи англисизабони "Tajikistan Times” таъсис дод ва то соли 2012 ба ҳайси муассис ва сардабири он ифои вазифа намуд. Аз соли 2012 то 2014 муовини сармухаррири Идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Шабакаи якуми ТВТ фаъолият намуд.

Солҳои охир дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи директори генералии Муассисаи давлатии Маркази эҷодии "Илҳом"-ро ба зимма дорад, вале робитаи худро бо васоити ахбори омма ва матбуот накандааст ва чакидаҳои хомаи вай дар нашрияҳои даврӣ чоп мешаванд. Чун рӯзноманигори варзидаву боистеъдод бештар дар бораи таъриху тамаддун, фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақолаҳои пурмуҳтаво ва қобили таваҷҷуҳ менависад.
Барои фаъолияти пурмаҳсул бо сипосномаву ҷоизаҳои соҳавии вазорату кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон