МО БОЯД ШАРМ КУНЕМ, НА ҲОШИМ ГАДО!

Ин матлаб бояд аз талаби ИСТЕЪФОи чанд нафаре оғоз мешуд, ки феълан гӯё бахшҳои муҳимеро роҳбарӣ доранд. Аслан ин нафарон бояд таи чанд рӯзи ахир, ки сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро номи Ҳошим Гадо пур кардааст, худашон довталабона истеъфо медоданд, ё вокунише бадар мекарданд.

Мисле, ки карданӣ нестанд...
Мутаассифона, онҳо на танҳо ин корро намекунанд, ки ҳатто пас аз сару садои зиёд ҳам, боре ба суроғи Ҳошим Гадо нарафтанд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон