ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН НУРМУҲАММАД НИЁЗӢ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ рӯзи 10 октябр дар синни 72-солагӣ бар асари сактаи қалб аз олам чашм пӯшид. Маросими дафни шоири шинохта субҳи 11 октябр доир мешавад. Нурмуҳаммад Ниёзӣ соли 1980 узви Иттифоқи нависандагон шуда, соли 2012 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон сарафроз гардонда шуд.

 Нурмуҳаммад Ниёзӣ (Ниёзматов Нурмамат) 20 сентябри соли1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба ҷаҳон омадааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи зодгоҳаш оғоз карда, дар шаҳри Хуҷанд анҷом додааст. 


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон