БИНОИ НАВБУНЁДИ КОХИ ЛОИҚ БОЗ ЗЕРИ ОБ МОНД (5 АКС)

Баъди борони шаби 8-уми октябр аз шифти бинои тозабунёди Маҷмааи эҷодию фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ борон чакида, китобҳои китобхонаи бачагона ва идораи телевизони маҳаллии "Симо”-и шаҳри Панҷакент, зери об мондааст.

Бинои мазкур аз 5 ошёна иборат мебошад ва бо вуҷуди он, ки идораи телевизион дар ошёнаи 3-юм ҷойгир аст, оби борон аз бом то ин ошёна расидааст.

<iframe id="aswift_2" name="aswift_2" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Шифти китобхона, ки дар ошёнаи 4-уми ин бино ҷойгир мебошад, аз таъсири оби борони зиёд нам кашидаву тарқиши калон пайдо кардааст. Дар натиҷаи чакидани об чандин китобҳои китобхонаи адабиёти бачагона тар шудаанд.

Бинои Маҷмааи эҷодию фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ, моҳи марти соли равон бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд ва моҳи майи ҳамин сол низ баъди борон шифташ чакидаву деворҳои он кафида буд. Сомонаи "Ахбор” дар ин бора гузорише нашр карда буд.

 

ПАНҶАКЕНТ: ДЕВОРИ БИНОИ 15-МИЛЛИОНА КАФИДУ ШИФТАШ ЧАКИД (ВИДЕО ВА 6 АКС)

 

Аммо бо гузашти 5 моҳ маълум мешавад, ки масъулин шифти биноро тармим накардаанд. Бинои мазкур яке аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Панҷакент буд ва он бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Панҷакент аз тарафи ду ширкати сохтмонӣ: " Манора - 14" ва " СУ - 3 " дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки тез сохта шудани бинои мазкур ва дар муддати кӯтоҳ ба истифода додани он метавонад пас аз чанд вақт иллатҳои ё ба кадом сифат сохта шудани биноро маълум созад.

Масъулин, маблағи сохтмони мазкурро ҳудуди 20 миллион сомонӣ мегӯянд. Баъди ба нашр расидани хабари чакидани борон аз шифти бинои мазкур дар маҳи майи соли равон, мудири шӯъбаи сохтмони ҳукумати шаҳри Панҷакент Сабур Бозоров ба сомонаи "Ахбор” гуфта буд, ки гуруҳи корӣ то ҳол иншооти мазкурро қабул накарда аст.

<iframe id="aswift_3" name="aswift_3" width="763" height="191" frameborder="0" marginwidth="0" marginheight="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-mce-fragment="1"></iframe>

Маҷмаии мазкур баъди сохта ва ба истифода доданаш, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шуд.

Дар бинои мазкур айни замон "Симо” - телевизиони маҳаллии шаҳри Панҷакент , китобхонаҳои шаҳрӣ, Раëсати суғурта ва нафақаи шаҳри Панҷакент, бахши ҷавонон ва варзиш, шӯъбаи фарҳанг, маркази ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо ҷойгир шудаанд.

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/KokhiLoiq0.jpg">

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/KokhiLoiq1.jpg">

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/KokhiLoiq2.jpg">

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/KokhiLoiq3.jpg">

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/KokhiLoiq4.jpg">

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон