расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид

Асосӣ / Ҷомеа

Нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид


28 октябр бо ташаббуси Ҳиндустон нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама ва Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати меҳмон иштирок карданд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ ва амниятӣ миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди ҳамгироӣ ва шарокат дар минтақа ва ҳамчунин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла дар чорчӯби Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти хосса дорад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон муколамаро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокати роҳбурдӣ байни кишварҳои узви муколама арзёбӣ мекунад.
Дар нишаст аҳамияти васл гардидани роҳҳо ҷиҳати афзоиши тиҷорати минтақавӣ ва инчунин наздик намудани равобити мардумони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Зимнан, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки неруи транзитӣ ва нақлиётии кишварҳои минтақаро рушди беҳтар диҳанд.
С. Муҳриддин дар мавриди мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ, саноатӣ ва кишоварзиро муҳим арзёбӣ намуда, тавсеаи иқтидор ва имконоти содиротӣ ва интиқоли бемамониати молҳоро таъкид кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Бо ишора ба ҳамагирии Ковид-19 ҷонибҳо даъват намуданд, ки барои пешгирии интишори баъдии ин беморӣ ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассири муштарак андешида шаванд.
Вазирон бо мақсади истиқрори сулҳ дар Афғонистон идомаи иштироки Афғонистонро дар Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун кишвари пайвасткунандаи роҳҳои транзитӣ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақли мол ва энергетика таъкид намуданд.
Дар интиҳо Изҳороти муштарак дар бораи натиҷаҳои нишасти дуюми Муколамаи Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.